Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои истиқоматиро барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 24, 2020 09:43

ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои 3 — ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо буридани лентаи рамзӣ мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, давоми як сол иншоот бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд сохта ва ба истифода дода шуд.

Иншоот дар маркази ноҳия қомат афрохта, барои кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои мазкур дорои хонаҳои ду ва сеҳуҷрагӣ буда, дар он шароити арзандаи истиқомату истироҳат фароҳам оварда шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо калиди хонаҳои истиқоматиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ супориданд ва бо шароити муҳайёгардида дар он ҷо шинос гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои кормандони соҳа табрик намуданд.

Президенти мамлакат кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва ҳифзи сулҳу суботи он ҳидоят намуданд.

Воқеан бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити арзандаи кор ва истиқомат фароҳам оварда мешавад.

Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ 24.09.2020

Сентябрь 24, 2020 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат