Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восеъро дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон-шаҳраки Ҳулбук Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат нахуст дар гулгашти навбунёд аз рӯйи лавҳаи рамзи парда бардоштанд.
Муҷассама аз ҷониби ҳайкалтарош Хушбахт Саъдиев бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Баландии муҷассама бо назардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад. Таҷдиди гулгашт ва гузоштани муҷассама дар ин майдон бо саҳми шахсони эҳсонкор ва соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ сурат гирифтааст.
Масоҳати умумии гулгашт 1 гектарро ташкил дода, дорои беҳтарин шароит барои истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинону меҳмонон мебошад.
Лоиҳаи гулгашти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Аҳмадҷон Ҳулбук” тарҳрезӣ шуда, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Восеъ ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ниагара-А” анҷом дода шудаанд.
Дар давраи таҷдиди ин иншооти фарҳангӣ ва гузоштани муҷассамаи Восеъ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин шуданд.
Муҷассамаро бо истифода аз металли ранга сохта, таҳкурсӣ ва атрофи онро бо санги хоро оро додаанд.
Дар атрофи муҷассама бо композитсияи бадеӣ 3 фаввораи замонавӣ бунёд гардида, ҳамчунин гулҳои ранга ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд.
Масоҳати гулкоришуда дар ин мавсеъ 0,65 гектарро ташкил медиҳад. Ин масоҳатро дар баробари майсазоркунӣ, ҳамчунин бо истифода аз 240 ҳазор дона гули ҳархелаи мавсимӣ оро додаанд, ки ба кас рӯҳу илҳоми болида зам менамояд. Тибқи иттилоъ, дарахтони ҳамешасабзи шинонидашуда дар гулгашти Восеъ ба 270 бех баробар аст. Барои таъмини гулгашт бо об обанбор низ бунёд карда шудааст, ки ғунҷоиши он 100 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Гулгашт тавассути обпошакҳои замонавӣ обёрӣ мешавад. Роҳравҳо дар масоҳати 3500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаанд. Дар гӯшаи гулгашт лавҳаи тарғиботӣ бунёд гардида, дар он мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ, аз ҷумла қалъаи таърихии “Ҳулбук”, “Қасри Миралӣ Маҳмадалӣ”, кӯҳи намаки “Хоҷамӯъмин” ва харитаи сайёҳии ноҳияи Восеъ тасвир шудаанд.
Равшании гулгашти наву замонавиро дар шаб 80 адад чароғҳои гуногунҳаҷми хархела таъмин менамоянд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самаранок ва ҳамин гуна зебою диққатҷалбкунанда нигоҳ доштани гулгашт масъулонро муваззаф намуданд.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд






