Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд

Октябрь 26, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои муовини вазир дар вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, Кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунонӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ таъин гардид.

Таъкид гардид, ки муовинон — сарпарастони соҳаи рақамикунонӣ дар самти ворид намудани технологияи муосир ва пайвастан ба низоми идораи электронии раванди кору истеҳсолот дар муҳлатҳои кутоҳтарин тадбирҳои мушаххас андешида мутахассисони дорои таҷрибаи кор бо технологияи иттилоотӣ ва донандагони забонҳои хориҷиро ба кор ҷалб ва тарбия намоянд.

Пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми 1 моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Худоёрзода Бахтиёр Тавар”, “Дар бораи аз вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ” ва “Дар бораи аз узвияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Салимӣ Носирҷон Юсуфзода, Хидирзода Махфират Умар, Шодмонбек Юсуфбек Рустамбек, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Азизӣ Муистон Бердизода бинобар ба охир расидани муҳлати ваколат” ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон ирсол гардид.

Ҳамзамон пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Зариф Ализода”, “Дар бораи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Саидзода Ҷамшед Ҳамро” ва “Дар бораи аъзои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Назарализода Дилафруз Муҳаммадалӣ, Маъмурзода Адҳам Маъмур, Раҷабзода Зайнура Абунаср, Самадзода Навруз Абдулҳамид, Хидирзода Махфират Умар ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон манзур карда шуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми кишвар, тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ дар соҳаҳои худ ва муомилаи шоиста бо шаҳрвандон ҳидоят намуданд.
Таъиноти кадрӣ 26.10.2026

Октябрь 26, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон