Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

Октябрь 27, 2026 10:56

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.  27 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бунёди роҳҳои дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе санги асос гузоштанд.

Бунёди 3 эстакадаи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар доираи татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва дар асоси Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифта, чун тарҳҳои муосири шаҳрсозӣ амалӣ карда мешавад, ки ояндаи наздик имконоту шароити муосирро аз ҷиҳати инфрасохтор ва коммуникатсия муҳайё месозанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи дусатҳа нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев дар умум 850 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат сохта мешавад, ки паҳноии ҳар як хатти ҳаракат мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сеюним метрро ташкил хоҳад дод.

Гардишҳои роҳи дусатҳа бо 3 хатти ҳаракат ва риояи талаботи байналмилалӣ бунёд хоҳанд шуд.

Ҳамчунин ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дарозии роҳи дусатҳаи дигар, ки дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров бунёд карда мешавад дар умум 4 ҳазору 300 метрро ташкил дода, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ду самт 8 хатти ҳаракат тибқи стандарҳои байналмилалӣ сохта мешаванд.

Дар қитъаҳои алоҳидаи хиёбони Саъдии Шерозӣ барои нақлиёти истифодаи умум – автобусу тролейбус хатҳои махсуси ҳаракат ҷудо карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонии  2 эстакада ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, ки дар муҳлати 2 сол анҷом дода мешавад, навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла хати оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, барқ, равшанидиҳӣ, сабзкории гулгашту роҳравҳо бо сифати баланд анҷом дода хоҳанд шуд.

Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе дар асоси Созишномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо арзиши ҳудуди 1 миллиард сомонӣ  аз ҷониби паймонкорон ҶСК “Тоҷикгидроэлектромонтаж”, Ширкати муҳандисию сохтмонии шаҳрсозии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ҳамоҳангсоз Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.

Зимни муаррифии Лоиҳаи таҷдиди хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки азнавсозии пули мошингузар аз болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ амалӣ гардида, пули мошингузар бо дарозии 115 метр ва паҳноии 40 метр аз ҳар ду самт, 8 хатти ҳаракат ва 100 тонна иқтидори вазнбардорӣ бунёд мегардад.

Дар сохтмон ва азнавсозии пули мошингузар 80 болори мустаҳкам ва босифат сохта, истифода карда мешавад, ки аз он 40 болор 24 метрӣ ва 40 тои дигар 33 метрӣ мебошанд.

Сохтмони 2 роҳи дусатҳа дар нуқтаи пайванди хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаи Неъмат Қарабоев ва дар нуқтаи пайванд аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, инчунин азнавсозии пули мошингузар дар болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ бо мақсади амалинамоии лоиҳаҳои ҷадиди шаҳрсозӣ, бартарафнамоии тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва таъмини ҳаракати бемамониати ронандагону пиёдагардон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳҳои дусатҳаву сесатҳа, мутобиқ гардонидани роҳҳои пойтахти ҷумҳурӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, низоми шаҳрсозӣ ва ташаккули инфрасохтори шаҳри Душанберо шоистаи таҳсин хонда, ба масъулон ва роҳсозон дастур доданд, ки пеш аз ҳама ба муҳлати татбиқи лоиҳа, сифати масолеҳ ва корҳои сохтмонӣ таваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд, то чунин иншооти нақлиётиву коммуникатсионӣ барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расонанд.
Гузоштани санги асоси бунёди роҳҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе 27.10.2026

Октябрь 27, 2026 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд