Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 29, 2020 10:35

ДУШАНБЕ, 29.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази таълимии «Пойтахт» барои бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Масоҳати Маркази таълимии «Пойтахт» 2 гектарро ташкил дода, сохтмони иншооти мазкур моҳи апрели соли 2020 оғоз гардид.

Дар марказ барои бозомӯзии 400 нафар кормандону мутахассисон дар як вақт шароити муосир муҳайё гардидааст.

Марказ аз як бинои дуошёна ва биноҳои якошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти соҳавӣ ва дастгоҳҳои махсус таъмин мебошад.

Бинои нави Маркази таълимии «Пойтахт» дорои қариб 20 синфхонаи дарсӣ, синфхонаҳои лингафонӣ мебошад, ки дар он мутахассисони соҳа бо истифода аз технологияи пешрафтаи мавҷуда ба курсантон ва дигар шунавандагони курсҳои таълимӣ забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва чинӣ меомӯзонанд.

Раванди таълим дар марказ тавассути тахтаҳои электронӣ ва дигар технологияи пешрафта ба роҳ монда шуда, ба кадрҳои ҷавон донишҳои замони муосир дар сатҳи баланд омӯзонида мешавад, ки ин яке аз бартариҳои он ба шумор меравад.

Утоқҳои дарсӣ, машқгоҳҳо, меҳмонхона барои 100 нафар, ошхона бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ аз имконоти марказ барои бозомӯзии хизматчиён мебошад.

Зимни шиносоӣ бо имконоти муосири таълим дар марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи пурсамари шароити муҳайёгардида, тарбияи дурусти сарбозон дар роҳи ватандорӣ, ҳисси масъулияти баланд дар назди давлату миллат дастуру супоришҳо доданд.

Дар маркази таълимӣ ҳамзамон ҷиҳати ба машқу тамрин машғул шудани афсарону сарбозон ва шунавандагони курсҳои омӯзишӣ толори варзиш  бунёд гардидааст, ки бо лавозимоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Бо назардошти дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ тарбия намудани сарбозону курсантон дар дохили бинои навбунёди Маркази таълимии “Пойтахт” осорхона бо номи “Толори сабақи ватандорӣ” ташкил карда шудааст, ки онҳо метавонанд ҳангоми фориғ аз машғулият будан аз таърихи ташаккули Қӯшунҳои сарҳадӣ  ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат воқиф гарданд.

Маркази таълимии «Пойтахт» ғайр аз бинои таълимӣ боз дорои фермаи парандапарварӣ мебошад, ки дар он 7 намуди паранда бо саршумори 2500 адад парвариш меёбад.

Ифтитоҳи Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 29.09.202

Сентябрь 29, 2020 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар