Солҳои соҳибистиқлолӣ Бадахшон ба таври бесобиқа рушд кард ва он рӯз дур нест, ки ин минтақа ба «дарвозаи тиллоӣ»-и Тоҷикистон табдил ёбад

Сентябрь 9, 2020 08:57

ДУШАНБЕ, 09.09.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Муҳаббат ва самимияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми Бадахшон беандоза мебошад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ташрифашон ба ин минтақаи биҳиштосо асри  21-ро асри  рушди  Бадахшон  ва  «дарвозаи тиллоӣ»-и Тоҷикистон эълон намуданд.  

Имрӯзҳо ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва ба истифода додани 2030 иншоот дар вилоят-ин ҷаҳиши бузург дар пешрафти иқтисодиёти он мебошад. Танҳо соли 2019 дар вилоят зиёда аз 202 иншооти таъйиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи 380 миллион сомонӣ ба истифода супурда шудаанд.

Чунин изҳори назар намудааст  муовини сардори раёсати илм ва инноватсияи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир ҚОДИРОВ.  

— Дар даврони соҳибистиқлолӣ Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зери роҳбарии хирадмандонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯи тоза ёфт. Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки роҳҳои инкишофи самараноки иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии вилоят аз тарафи сокинон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат муайян карда шаванд.

Маҳз интихоби дуруст ва пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти мамлакат буд, ки сатҳи некӯаҳволии сокинони вилоят беҳтар ва симои шаҳру ноҳияҳои он ба маротиб тағйири шакл намуд. Хусусан, симои маркази вилоят-шаҳри Хоруғ дар солҳои соҳибистиқлолӣ куллан тағйир ёфтааст. Сокинони шаҳр хуб дар хотир доранд, ки аз даврони Шӯравӣ ҳатто варзишгоҳи мувофиқ  ба талаботи он замон ҷавобгӯро ба мерос нагирифтанд. Ба фаъолият оғоз намудани Донишгоҳи давлатии Хоруғ, бунёди роҳҳои мошингард ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва рушди озоди фаъолияти соҳибкорӣ нахустин дастовардҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд.

Давоми 29 соли истиқлолият дар вилоят як донишгоҳи давлатӣ ва як донишгоҳи сатҳи байналмилалӣ фаъолият доранд, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ва минтақаи Осиё таълимгирандагонро ба омӯзиши илму дониш фаро гирифтаанд. Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар муддати кӯтоҳ тавонист чун яке аз донишгоҳҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Тибқи як раддабандӣ,  сомонаи хабарии чинӣ бо номи “Нигоҳи нав ба Роҳи Абрешим” Донишгоҳи Осиёи Марказиро ба рӯйхати ҳаштгонаи беҳтарин дар сатҳи донишгоҳҳои байналмилалӣ ворид намудааст.

Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки қариб 4 ҳазор ҷавонони вилоят ҷиҳати гирифтани маълумоти муосири илмиву техникӣ дар хориҷ аз мамлакат таҳсили илм намоянд.

Барои таъмин намудани корхонаҳо ва муассисаҳои вилоят бо кадрҳои баландихтисос дар панҷ соли охир қариб 800 квотаи президентӣ барои  таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ ҷудо карда шудааст. Мушкилоти норасоии мутахассисони баландихтисос дар муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста зери назорати Сарвари давлат қарор дорад. Барои ҳал намудани ин масъала бо супориши бевоситаи Пешвои миллат давоми ду соли охир зиёда аз 185 квотаи президентӣ барои таҳсили ҷавонони вилоят дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҷудо карда шуд.

Бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят 180 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бо фарогири 25 ҳазор ҷойи нишаст  бунёд гардид, ки вобаста ба тарҳ ва бунёдашон ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошанд.

Мушкилоти дигаре, ки то замони Истиқлолияти давлатӣ  ҷой дошт, ин дар фасли зимистон ва аввали фасли баҳор дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор гирифтани вилоят мебошад. Дар ҳафтод соли мавҷудияти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ сокинони вилоят аз роҳи нақлиёти ҳамвору бехатар бо маркази мамлакат бенасиб буданд.  Дар ин давом ҳангоми сафар ба пойтахт садҳо нафар мусофирон ҷони худро аз даст медоданд.

Дар зарфи бист соли охир зиёда аз 373 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ бо арзиши  2,1 миллиард сомонӣ бо стандарти ҷаҳонӣ бунёд гардиданд, ки тавассути онҳо ҳамасола ҳазорҳо нафар мусофирон  ва дар ҳаҷми ҳазорҳо тона молу маҳсулот  ба вилоят ворид ва хориҷ мешавад. Ҳоло дар соҳаи роҳсозӣ барои вилоят татбиқи боз 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,2 миллиард сомонӣ идома дорад ва лоиҳаи таҷдиду навсозии шоҳроҳи Қалъаихумб — Ванҷ, ки яке аз бузургтарин лоиҳаи роҳсозӣ дар мамлакат маҳсуб мешавад, ба наздикӣ оғоз карда мешавад.

Бунёд гардидани роҳҳо вилоятро бо кишварҳои  Қирғизистон,  Чин ва Афғонистон пайваст намуда, онро ба як гузаргоҳи транзитии байналмилалӣ тадбил дод. Ояндаи наздик бо мӯътадил гардидани фазои сиёсӣ-амниятӣ дар Афғонистон ва Покистон имконияти баромадан ба бандари ҷаҳонӣ  тавассути давлати Ҳиндустон ҷой дорад.  Чунин шароит барои фаъолияти самараноки Минтақаи озоди иқтисодии Ишкошим нақши асосиро иҷро менамояд. Дар  ин мавзӯъ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони вилоят махсусан зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодӣ ҳазорҳо километр роҳҳои мошингардро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёду навсозӣ карда истодааст, ки қисми зиёди онҳо аз ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад.

Аксар ноҳияҳои вилоят аз истифодаи дигар воситаҳои коммуникатсионӣ  низ бисёр душворӣ мекашиданд.  Масалан, сокинони бештари водиҳо ва деҳаҳои дурдаст аз тамошои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, алоқаи телефонӣ ва радиошунавоӣ маҳрум буданд.

Бо туфайли корҳои созандаҳои мардум таҳти роҳбарии сиёсати ваҳдатофарини  Роҳбарияти олии мамлакат ҳоло ягон деҳаву водии вилоят  аз хизмати  воситаҳои ахбор дур намондааст.

Агар дар шароити имрӯза шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 97 фисад истиқлолияти энергетикиро ба даст оварда бошанд, аммо ин бахши асосии иқтисод ва алоқа  дар 20 соли қабл ба сифати яке аз мушкилоти асосии вилоят шинохта мешуд.

Дар даврони истиқлолияти мамлакат зери партави сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат Неругоҳи барқи обии “Помир-1” бо иқтидори 28 мегаватт ба кор андохта шуд, ки имрӯз шаҳр ва ноҳияҳои вилоятро бо неруи барқи шабонарӯзӣ таъмин намуда истодааст. Ҳукумати мамлакат барои пурра ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва содироти неруи барқ бо ҳамсоякишвари ба мо дӯст- Афғонистон таҳияи як қатор лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои навро баррасӣ намуда истодааст. Ба ин тарҳ хусусан Неругоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа бо иқтидори 11 мегаватт ва Неругоҳи барқи обии “Санобод” бо иқтидори 200 мегаватт шомил мебошанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои сайёҳӣ ба шумор рафта, ояндаи наздик бо рушд ёфтани инфрасохтор ва хизматрасонии сайёҳӣ он метавонад ба сифати манбаи асосии даромади буҷети вилоят баромад намояд.

Фазои орому осоиштаи мамлакат сабаб гардидааст, ки ҳамасола ҳазорҳо нафар сайёҳони дохил ва хориҷ  аз ин мавзеъҳои зебоманзари Тоҷикистон дидан намоянд.  Қариб  60% қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро масоҳати Боғи миллӣ ташкил медиҳад, ки  бо ҳайвоноти нодираш диққати бештари сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ соли 2013 бо қатъномаи ЮНЕСКО Боғи миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ин ташкилоти бонуфуз ворид гардид.

Ҳар як сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пур аз нишоту фараҳ ва созандагиву ободкорӣ мебошад. Сокинони вилоятро месазад, ки бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии фарзонафарзанди миллат дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихор аз гузаштагони худ, мубориза бар зидди ҳама гуна амалҳои номатлуб  ва ободу зебо гардонидани як гӯшаи ватани азизамон саҳм дошта бошанд.

 

Зоҳир ҚОДИРОВ,
муовини сардори раёсати
илм ва инноватсияи Академияи
идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2020 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ-БУЗУРГТАРИН МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ БАРОИ НАСЛИ НАВРАСУ ҶАВОН. Бардошт аз суханронии Президенти Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «Қалъаи Хуҷанд»
Дар шаҳри Бӯстон марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нуртез» ифтитоҳ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон то охири соли 2024 270 иншоот ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид