Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон
25.09.2020, ноҳияи Мӯъминобод
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯзҳо тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Мӯъминобод дар арафаи омодагӣ ба таҷлили сисолагии истиқлоли давлатӣ, ки муҳимтарин санаи таърихӣ барои халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад, қарор доранд ва корҳои созандагиву ободонии Ватани азизамонро рӯз ба рӯз вусъат мебахшанд.
Дар ҷараёни сафари қаблӣ ба ноҳияи Мӯъминобод, ки соли гузашта сурат гирифта буд, мо чандин иншооти истеҳсоливу иҷтимоиро ба истифода супорида, ба роҳбарони ноҳия доир ба вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкории ба истиқболи ин ҷашни бузурги миллӣ ба нақша гирифташуда дастуру супоришҳои мушаххас дода будем.
Тавре ки имрӯз мушоҳида кардем, мардуми бонангу номуси ноҳия ва соҳибкорони саховатпеша дар ин муддат хеле корҳоро анҷом додаанд. Бунёди боғи зебои фарҳангу фароғат, ки ҳоло мо дар он мулоқот дорем, аз ҷумлаи ҳамин ободкориҳост ва умед дорем, ки ба сокинони ноҳия солҳои сол хизмат хоҳад кард.
То назди шумо омадан мо бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши картошка шинос шуда, ба фаъолияти корхонаи навбунёди коркарди шир ва меваю сабзавот ифтитоҳ бахшидем, инчунин, роҳи мошингарди Чилдухтарон — Ховалинг ва дар деҳаи Паҳндара як меҳмонхонаи зебои замонавиро ба истифода супоридем. Ин ҳама ташаббус ва ободкориҳо нишонаи равшани дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат аз ҷониби сокинони ноҳия, хусусан, соҳибкорони саховатпеша ва шахсони ҳимматбаланд мебошад, ки бо истифода аз фурсат ба ҳамаи онҳо самимона изҳори миннатдорӣ менамоям.
Дарвоқеъ, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва заҳмати аҳлонаи сокинони шарафманди ноҳия соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ бомаром рушд карда, ин диёри куҳанбунёд сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он беҳтар шуда истодааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳоло барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мӯъминобод барои солҳои 2016-2020 амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он татбиқи 182 лоиҳа ба маблағи беш аз 163 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
То имрӯз 35 лоиҳа пурра амалӣ шуда, татбиқи 37 лоиҳаи дигар идома дорад ва маблағи умумии дар доираи ин лоиҳаҳо азхудкардашуда 114 миллион сомонӣ ё 70 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Бар замми ин, ҳоло барои рушди соҳаҳои гуногуни ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо барои иҷрои корҳои бунёду барқарорсозии иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ 44 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.
Илова бар ин, дар ноҳия бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни бузурги 30-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 330 иншоот пешбинӣ гардида, то ба имрӯз корҳои сохтмони 94 иншоот ба итмом расида, корҳо дар 118 иншооти дигар идома доранд.
Имрӯзҳо азнавсозии роҳи Кӯлоб-Мӯъминобод аз маҳаллаи Сангпари шаҳри Кӯлоб то даромадгоҳи ноҳияи Мӯъминобод, ки масофаи 35 километрро ташкил медиҳад, ба маблағи 223 миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 6 пул таҷдиду азнавсозӣ мегардад.
Ҳамзамон бо ин, дар ноҳияи Мӯъминобод таҷдиди 25 километр роҳи мошингард, таъмиру азнавсозии 4 пул, чароғонкунии қитъаҳои роҳ, ки аз маҳалҳои аҳолинишин мегузаранд ва таъмири истгоҳу пиёдаравҳо ба маблағи 165 миллион сомонӣ анҷом дода мешавад.
Бинобар ин, ба роҳбарони вилоят ва ноҳия, вазоратҳои молия ва нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи саривақтии лоиҳаи зикршуда ва азхудкунии мақсадноки маблағҳо чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 13 корхонаи саноатӣ доир ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дорад.
Вале бояд гуфт, ки фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия дар самти истеҳсоли маҳсулоти босифат ва истифодаи пурраи захираву имкониятҳои мавҷуда то ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест.
Гарчанде ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ ё 40 фоиз афзудааст, вале дар муқоиса бо соҳаи кишоварзӣ қариб шаш баробар кам мебошад. Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ноҳия кор доир ба саноатикунонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ суст ба роҳ монда шудааст.
Дар давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ аз тарафи корхонаҳои «Ёсуман» беш аз 6 тонна маҳсулоти ширӣ, «Шифо-чой» қариб 7300 қуттӣ чойи шифобахш, «Мурғи Мӯъминобод» 412 тонна гӯшти мурғ, «Оила» 26 ҳазор қуттӣ ва «Заркорон» 150 ҳазор қуттӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шудааст.
Инчунин, соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб як миллион сомонӣ кам мебошад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати бартарафсозии камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва таъмин намудани рушди босуботи саноати ноҳия чораҳои мушаххас андешанд.
Дар моҳҳои январ – июли соли 2020 аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба сокинони ноҳия 17 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз 5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳарчанд дар ноҳия раванди пешниҳоди қарз тамоюли афзоиш дорад, вале барои таъмин намудани пешрафти устувори соҳаҳои истеҳсолӣ ва бахши ҳизматрасонӣ ҳанӯз нокифоя мебошад.
Бинобар ин, ба Бонки миллӣ зарур аст, ки якҷо бо бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ҷиҳати ҳарчи бештар таъмин намудани соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба воситаҳои молиявӣ чораҳои иловагӣ андешад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар ноҳия истеҳсоли сабзавот, картошка, гӯшт ва тухм афзоиш ёфта, аммо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ангур, асал ва мева таъмин нашуда истодааст.
Ҳол он, ки ноҳия барои рушди ин соҳаҳо имкониятҳои васеъ дорад ва зарур аст, ки ин захираву имкониятҳо ҳарчи бештар ва самаранок истифода карда шаванд.
Соли ҷорӣ дар ноҳия дар майдони 1541 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамо 24 фоиз зиёд мебошад. Вале истеҳсоли картошка дар муқоиса бо соли гузашта ҳамагӣ ду фоиз зиёд гардидааст.
Дар шароити имрӯза масъалаи истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, беталаф ҷамъоварӣ кардани ҳосил, инчунин, ҳарчи зиёд намудани майдони кишти такрорӣ бисёр муҳим мебошад. Зеро бо сабаби босуръат афзоиш ёфтани шумораи аҳолӣ, гармшавии иқлими сайёра, хушксолӣ ва зуд – зуд такроршавии офатҳои табиӣ дар аксар кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо талабот ба маводи ғизоӣ торафт зиёд гардида истодааст.
Бинобар ин, истифодаи мақсадноку самараноки замин, гирифтани ду — се ҳосил аз як замин ва дар ҳар як оила барои ду сол захира кардани озуқаворӣ андешидани тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.
Дар ин самт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Мӯъминобод, Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ вазифадоранд, ки ҳолати воқеии соҳаи кишоварзии ноҳияро ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ намуда, барои бартарафсозии мушкилоту норасоиҳои ҷойдошта ва истифодаи пурраи тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда чораҳои саривақтӣ андешанд.
Дӯстони гиромӣ!
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар ноҳия ҳамагӣ 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекард. Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва бо саҳми соҳибкорони бонангу номуси ноҳия ҳоло шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 64 расидааст.
Ҳарчанд ки ҳоло дар ноҳия мушкилоти таъминот бо муассисаҳои таҳсилоти миёна то андозае ҳал гардидааст, вале масъалаи бо муассисаҳои томактабӣ таъмин намудани кӯдакони ноҳия беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд.
Зеро имрӯз дар ноҳия ҳамагӣ се муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки хеле кам аст ва зарур аст, ки дар ин масъала бо ҷалби ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла соҳибкорон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Дар се соли охир аз ноҳия 57 нафар духтарону писарон тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шудаанд. Бо вуҷуди ин, то ҳол норасоии омӯзгорону табибон яке аз мушкилоти ҷиддии ноҳия мебошад.
Ҳамчунин, бинои муассисаҳои таълимии рақамҳои 5, 7, 37 ва 54 дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ки бояд доир ба таъмиру азнавсозии онҳо ҳарчи зудтар чораҷӯӣ карда шавад.
Ҳифзи саломатии мардум ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, хусусан, дар вазъияти паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 аз ҷумлаи масъалаҳои ниҳоят муҳимми рӯз ба ҳисоб меравад.
Бори дигар таъкид менамоям, ки саломатии ҳар як шахс, пеш аз ҳама, аз худи ӯ вобаста аст ва дар шароити кунунӣ иҷрои тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҳатмӣ мебошад.
Имрӯз дар ҳудуди ноҳия 3 беморхона бо 227 кат фаъолият дорад, ки барои пурра қонеъ сохтани эҳтиёҷоти сокинон нокифоя мебошад.
Дар баробари ин, то ҳанӯз дар ноҳия 6 бунгоҳи тиббӣ дар хонаҳо ва 5 бунгоҳи тиббӣ дар мактабҳо фаъолият дошта, ду маркази саломатӣ вазъи ногувор дорад. Илова бар ин, муассисаҳои тандурустии ноҳия ба 71 нафар мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ ниёз доранд.
Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки доир ба ҳалли камбудиҳои зикргардида тадбирҳои бетаъхир андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Қобили зикр аст, ки имкониятҳои ноҳия дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардуми низ хеле зиёданд. Махсусан, мавзеи “Чилдухтарон” ҳамчун ёдгории беназири табиӣ ва даҳҳо ёдгориҳои дигари таърихиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунанд.
Вобаста ба ин, роҳбарони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳиро зарур аст, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ доир ба ташкили шароити мусоиди инфрасохторӣ дар мавзеъҳои зебову дилнишини ноҳия, ба макони сайру саёҳат, махсусан, сайёҳии экологӣ табдил додани онҳо ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Фаромӯш набояд кард, ки амалӣ намудани тадбирҳои созанда, ободонии диёр, кумак ба табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва бунёди иншооти иҷтимоӣ вазифаи ҳаррӯзаи роҳбарони сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар як фарди ватандӯст, аз ҷумла соҳибкорон мебошад.
Бовар дорам, ки мардуми ноҳия ва фарзандони саховатманди он барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри худ минбаъд низ содиқона заҳмат мекашанд ва ҷашни муқаддасу бузурги сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ба кулли мардуми сарбаланди ноҳияи Мӯъминобод тансиҳативу осудаҳолӣ ва дар ҷодаи ободонии ноҳия ва Ватани маҳбубамон барори кор орзумандам.
Доим сарбаланду муваффақ бошед, ҳамватанони азиз!