Таҳти унвони «Куруши Кабир» асари таърихӣ ба нашр расид

Сентябрь 17, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 17.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони «Куруши Кабир» асари таърихии нависанда Аҳмади Иброҳим нашр гардид, ки омӯзиши он барои хонанда  саҳифаҳои таърихи куҳани мардуми тоҷикро равшан менамояд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Китоби «Куруши Кабир» ба мисли асарҳои «Спитаман, Катан Тахористон…» ва «Ҷаҳиши охирини бабр» аз лиҳози воқеаву рӯйдодҳо бо истинод ба маводи таърихӣ иншо гардида, хеле дақиқу аниқ саргузашти куҳани аҷдодони моро бо бадеияти баланду ҷолиб тасвир намудааст.

Муаллиф бо маҳорати баланди эҷодиву бадеӣ дар ҳақиқат Куруши таърихӣ офаридааст. Асар дар тарбияи маънавии хонандагон ва ташаккули ҳувияти миллии онҳо мавқеи сазовор ишғол менамояд.

Дар китоб омадааст, ки «Куруши Кабир ба халқҳо ва сарзамини Осиёи Миёна, хусусан Суғду Истаравшан, Балху Бохтар ва дигар маҳаллаҳои ин минтақа таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳатто дар наздикии Истаравшан шаҳре бо номи Курушкада бунёд намуда буд».

Сентябрь 17, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид