Иқдоми «шаҳри сабз»-и Рустами Эмомалӣ давоми сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат аст

Сентябрь 25, 2020 09:33

ДУШАНБЕ. 25.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоми сокинони шаҳри Душанбе даъват ба амал оварданд, ки барои ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти Ватанамон саҳмгузор бошанд. Бо назардошти мубрам боқӣ мондани масъалаи тозагӣ ва экологӣ дар шароити шаҳрҳои калон, махсусан пойтахтҳои кишварҳо, ин пешниҳод талаби замон буда, метавонад ҳамоовозии саросариро касб кунад. Вобаста ба мавзӯъ коршиноси АМИТ «Ховар», муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам ҲАЙДАРОВ чунин ибрози назар намуд:

— Аз ҷониби муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардид, ки “ҳамчун нишони ҳамраъйӣ ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд.” Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки “бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро сарсабз мегардонем ва дар ободонии он саҳм мегузорем, балки барои насли наврас намунаи ибрат гашта, дӯст доштани табиат, макони зист ва сарзамини худро меомӯзем.”

Ба назари мо, иқдоми Раиси пойтахти Ватанамон ҷиҳати ба “шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе давоми мантиқии сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат аст. Дар таърихи инсоният тоҷикон ҳамчун миллати шаҳрсоз, тамаддунофар ва фарҳангпарвар ном баровардаанд. Шаҳрсозӣ, ки асоси тамаддунофарӣ аст, аз шинондани дарахт оғоз мегардад. Чанде пеш мо 5500-солагии Саразми бостониро таҷлил намудем, ки он намунаи барҷастаи шаҳрсозии тоҷикон дар таърих мебошад. Ба ин хотир ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба “шаҳри сабз” табдил додани шаҳри Душанбе эҳёи суннати миллӣ ва идомаи рисолати тамаддунофарии миллати тоҷик аст.

Дар давоми роҳбарии худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ Душанберо ба як шаҳри замонавии ҳамешабаҳор мубаддал намуда, заминаҳои ба “шаҳри сабз” табдил додани пойтахти кишварро гузоштанд. Иқдоми “шаҳри сабз” ин, пеш ҳама, бо парастиши фарҳанги экологии ҳар як шаҳрванди Душанбе марбут аст ва аз тарафи дигар ба баландшавии сатҳи донишҳои экологии ҷавонон, баланд шудани завқи эстетикӣ ё худ зебоипарастии ҳар як сокини пойтахт заминаҳои воқеӣ мегузорад.

Ба фикри мо, сокинони шаҳри Душанбе, ки солҳои охир хеле фаъолона дар ободкории пойтахтамон иштирок мекунанд, ҳатман ин иқдоми Раиси шаҳри Душанберо дастгирӣ менамоянд. Онҳо на танҳо бо шинондани дарахтҳо, балки шинондани гул ва буттаҳои декоративӣ дар заминҳои назди манзилашон саҳми худро барои ба “шаҳри сабз” мубаддал гардонидани шаҳри Душанбе мегузоранд.

Имрӯз ҷаҳони муосир кушиш дорад, ки экологияи сайёраи мо ҳифз гардад ва ихроҷи гази карбон коҳиш дода шавад, чунки маҳз муҳити тоза ва сарсабзи зист — яке аз ченакҳои сатҳи зиндагии инсон ба ҳисоб меравад. Агар муҳити зисти инсон аз ҷиҳати экологӣ баландсифату тоза бошад, пас он ба саломатии инсон таъсири мусбат мерасонад ва ба истеҳсоли сармояи баландсифати инсонӣ асос мегузорад. Чуноне ба ҳамагон маълум аст, маҳз дарахтони сарсабз ва наботот табиатро бо оксиген таъмин мекунанд. Умуман қисми зиёди гази карбонро, ки аз фаъолияти технологӣ ва физиологии инсон ба ҳаво содир мешавад, маҳз дарахтон ва умуман наботот полоиш (филтр) ва тоза менамояд.


Бояд тазаккур дод, ки иқдоми “шаҳри сабз” бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Тоҷикистон оид ба истеҳсоли “энергияи сабз” иртиботи мантиқӣ дорад, ки он дар навбати худ асоси сиёсати экологии давлати моро ташкил медиҳад.

Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.

Давлатҳои пешқадами дунё, ки ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гаштанд, пеш аз ҳама кушиш карданд, ки сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ баланд шавад. Бешубҳа иқдоми “шаҳри сабз”-и муҳтарам Рустами Эмомалӣ муҷиби афзоиш ёфтани шавқи наврасону ҷавонон ва умуман аҳолӣ ба иттилоот ва донишҳои экологӣ хоҳад гардид.

Умуман калимаи “сабз” дар фарҳанги миллии мо на танҳо рамзи хуррамӣ ва ободӣ аст, балки рамзи покӣ, тансиҳатӣ ва зиндагии осоишта мебошад ва ба суннатҳои миллиӣ ва ойинҳои динии мо иртиботи қавӣ дорад. Аҷдодони мо дар ҳар давру замон талош меварзиданд, ки бо такя ба арзишҳои миллии мо ва суннатҳои диниамон як маконро обод кунанд ва боғу гулгашт бунёд намоянд. Имрӯз миқдори зиёди боғҳое, ки бо ибтикор ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 29 соли Истиқлоли давлатӣ бунёд карда шудаанд, на танҳо муҳити экологии шаҳру навоҳии Тоҷикистонро беҳтар намуданд, балки бозорҳои Тоҷикистонро бо меваҳои аз ҷиҳати экологӣ баландсифат таъмин менамоянд. Рустами Эмомалӣ, ки дастпарвари мактаби давлатдории миллии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ин сиёсати экологии роҳбари давлатро идома дода идома медиҳанд.

Ба назари мо, иқдоми муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати “шаҳри сабз” табдил додани Душанбе барои руасои дигар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ҳамчун як намунаи олии меҳанпарастӣ қабул гашта, онҳо низ кушиш мекунанд ки макони худро ба “шаҳри сабз” табдил диҳанд. Ба хулоса аз гуфтаҳои боло, иқдоми “шаҳри сабзи” Рустами Эмомалӣ дар ояндаи наздик ба як ташаббус ё худ ҳаракати умумимиллӣ мубаддал гашта, ҳар як шаҳрванди ватандори тоҷик дар он ширкати фаъолона хоҳад кард.

Ҳар як ҳамватани мо бояд дарк намояд, ки муҳити баландсифати экологии шаҳрҳоямон кафили саломатӣ ва бақои миллати мо мебошад.

Сентябрь 25, 2020 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
Ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид
«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид