ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони шаҳри Левакант 11 километр роҳро навсозӣ ва мумфарш намуданд
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зағертути Ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ 11 километр роҳи мошингузар бо харҷи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёду навсозӣ гардид. Ҳамчунин ба ин муносибат як гурӯҳ сокинони деҳаи Хуррамдеҳи шаҳри мазкур низ бо ҷалби маблағҳои худӣ ва саҳми соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки роҳи дохилидеҳавиро ба масофаи 4 км мумфарш намоянд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, сохтмони роҳ 1 июли соли равон оғоз гардида, моҳи октябр анҷом ёфт. Ба бунёди роҳ 7 адад техникаи Муассисаи давлатии роҳҳои мошингарди шаҳри Левакант сафарбар гардида, 5 қубур ва 1 пул навсозӣ гардид. Ҳамзамон ба дарозии тамоми масофаи 11 км роҳи мумфаршгардида хатҳои уфуқӣ кашида шуданд.
Д
ар ифтитоҳи роҳи навбунёд раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Левакант ва сокинон иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкорони ватанӣ оилаи Соҳибовҳо ва алалхусус Шарифзода Маҳмадзариф барои ташаббуси ватандӯстона ва анҷоми кори хайр аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон изҳори сипос намуд.
Имрӯзҳо бо ҳиммати соҳибкорони бонангу номус ва фарзандони ватандӯсти деҳоту ноҳия бунёду мумфаршкунии садҳо км роҳҳо идома дорад. Ҳамаи ин бунёдкорию созандагӣ ба хотири ба шаҳр наздик сохтани симои деҳот ва таъмини инфрасохтори зарурӣ дар он мебошад.








Дар вилояти Хатлон 77 фоизи нақшаи содирот иҷро шуд
Оид ба 35 ташаббуси созандаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар вилояти Суғд шумораи соҳибкорони инфиродӣ бештар гардидааст
ТОҶИКИСТОН ВА ДУРНАМОИ РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ-МЕТАЛЛУРГӢ: аз захираҳои табиӣ то технологияҳои муосир
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Тоҷикистон маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб 100 баробар афзоиш ёфт
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон музди миёнаи меҳнат 178 баробар зиёд гардид
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид






