Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» тағйиру иловаҳо ворид гардид
ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Тавре аз Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур мутобиқ ба талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои Қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи маориф», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода ва Гулбаҳор Ашӯрзода таҳия ва пешниҳод шудааст.
Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, дар лоиҳа мукаммалгардонии моддаҳои 1, 3, 4, 5, 12, 19, 21, 22, 24 ва 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» бо роҳи илова ва дар таҳрири нав ифода намудани сархатҳо ва қисмҳои махсус ба нақша гирифта шудааст.
Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида ба моддаи 1 қонунии амалкунанда сархатҳои якум, ҳаштум ва дувоздаҳум, ки фарогири мафҳумҳо оид ба «бекорӣ», «кори мувофиқ» ва «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ» мебошанд, дар таҳрири нав баён карда шуда, ҳамзамон ба моддаи мазкур сархати нав, яъне сархати нуҳум бо мазмуни зерин- «кори фосилавӣ (дистансионӣ)» илова карда шудааст, ки он танзимкунандаи муносибатҳо вобаста ба амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор мебошад.
Инчунин дар қисми 2 лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани моддаи 4 қонуни амалкунанда сархати нав илова карда шудааст, ки тибқи он минбаъд кормандони ба кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғул ба гурӯҳи аҳолии шуғлнок ё ба он баробар кардашуда мансуб мебошанд, ки хусусиятҳои танзими меҳнатии ин гурӯҳи кормандонро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи қарори мазкур ба рӯзномаи ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум масъала оид ба савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






