Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамоиши кормандони ҷавон доир гардид

Октябрь 3, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 03.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб шуда, бо иқдому ташаббусҳои созанда дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди муназзаму устувори  соҳаҳои иқтисоди миллӣ, хусусан бонкдорӣ ва раванди пешрафту ободонии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.  Ин нуктаро муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода дар ҳамоише, ки дар   Бонки миллии Тоҷикистон  бо иштироки кормандони ҷавони низоми бонкии мамлакат доир гардид, зикр намуд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронӣ иброз доштанд, «дар раванди давлатсозӣ ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободсозии Ватан, пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти идораи давлат ва рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд»,-гуфт муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Зикр шуд, ки нақши ҷавонон дар рушди низоми бонкии мамлакат  назаррас буда, аз шумораи умумии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон 34 фоизро ҷавонон ташкил медиҳанд. Татбиқкунандаи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар низоми бонкӣ махсусан ҷавонон ҳастанд, ки аксари онҳо дар сатҳи роҳбарикунандаи бонкҳо саҳми худро дар дастрасии муосири молиявӣ ва фарогирии молиявӣ бо тавсеа додани доираи васеи хизҳматрасониҳои муосири молиявии рақамӣ мегузоранд,- афзуд  Моҳбону Накҳатзода.

Дар ҳамоиш мутахассисони ҷавони  Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фарогирии ҷавонон ба хизматрасониҳои бонкӣ, рушди низоми бонкӣ дар давраи истиқлол сухан намуданд. Гуфта шуд, ки кормандони ҷавони низоми бонкӣ таъмини суботи молиявиро вазифаи муқаддаси хеш қарор медиҳанд.

Октябрь 3, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4245 то 9.4500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1130 то 0.1105 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон имконияти платформаи рақамии амалиёти факторингӣ бо ширкати «OZPLANET» баррасӣ шуд
Татбиқи тарҳи «Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария дар доираи лоиҳаҳои сиёсати пулию қарзӣ тақвият меёбад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4327 то 9.5000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1137 то 0.1160 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4681 то 9.5000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҲИСОБАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Байни «Амонатбонк» ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи коршиносони миллӣ барои омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобили низоми муайян доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 долари ИМА аз 9.5123 то 9.5500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1134 то 0.1120 сомонӣ муқаррар шудааст