Дар Душанбе Рӯзи даъватшаванда доир гардид

Октябрь 1, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 01.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба оғози мавсими  даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Рӯзи даъватшаванда  доир гардид. Дар ҳамоиши мазкур  ҷавонони ноҳияҳои   Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини  сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, кормандони масъули  Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ва  волидайни даъватшудагон иштирок намуданд.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуррезода дар ҳамоиш зикр кард, ки тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ  доир гардид.

«Мояи ифтихор аст, ки дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе сафи ихтиёриёни  хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меафзояд ва маъракаҳои даъвати наваскарон  рангину пуршукӯҳ  мегузаранд»,- афзуд ӯ.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки барои ҳар  давлати соҳибистиқлол, хосса халқу миллатҳое, ки озод будан ҷавҳари аслии ҳастии онҳоро ташкил медиҳад, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди бедордил, ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти  ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу буми худ аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос кунад. Зеро бархурди манфиатҳои мамлакатҳои абарқудрат ва марҳилаи нави муборизаҳое, ки байни кишварҳо вуҷуд дорад, нишон медиҳад, ки ҳатто давлатҳои  садсолаҳо мавҷуда дар пайи аз байн рафтан ҳастанд. Миллатҳо дар вазъияти хеле мураккаби ноором мебошанд. Аз ин рӯ имрӯз вақти он расидааст, ки пайи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон аз ҳарвақта дида бештар талош варзем.

«Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҳар фард мактаби ташаккули шахсият аст. Волидоне, ки имрӯз дар ин ҳамоиш ҳузур доранд, бояд дуруст дарк кунанд, ки фарзанде, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат мекунад, пеш аз ҳама, дар баробари баланд бардоштани ҳифзи ифтихори милливу ватандӯстӣ, такомули ҷисмонии неруи зеҳнӣ  ба қадри падар,  модар ва Ватан мерасад. Дар фарҳанги ҳазорсола ташаккулёфтаи миллати тоҷик ду вожа ба ҳамдигар тавъаманд, ки ин Ватан – Модар мебошад. Дар назар бояд дошт, ки ҳар нафаре, ки фарзанди худро аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ бозмедорад ва ё ӯро ба анҷоми ин амал талқин намекунад,  ҳеҷ вақт умед надошта бошад, ки ин фарзанд оянда ба қадри падару модари худ мерасад»,- гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Ҳамчунин дар ҳамоиш зикр гардид, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандии ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад. Ҳамасола Ҳукумати мамлакат ҷиҳати  фароҳам овардани шароити созгор ба сарбозону афсарон пайваста  тадбирҳои мақсаднок меандешад.

Ҳоло бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти рӯзмарраи хизматчиён дар қисмҳои ҳарбӣ шароити зарурии маишиву моддӣ муҳайё карда шуда, дар кулли воҳидҳои низомӣ имрўз афсарони касбии ботаҷриба ҷиҳати баланд бардоштани малакаи ҳарбиву ҷисмонии ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандўстӣ, садоқат ба марзу бум фаъолияти босамар менамоянд.

Ҳамчунин дар маросими Рӯзи даъватшаванда ба наваскарон дар вазъияти тантанавӣ  шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид ва баҳри болидахотирии онҳо барномаи консертӣ доир шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 1 октябр  дар саросари шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мегарданд.

Октябрь 1, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ мегузарад
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ноҳияи Сино супорида шуд
Дар Душанбе ба пешвози меҳмонон-иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо омодагӣ мегиранд
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад
Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ кумакҳои пулӣ расонида мешаванд
Дар Душанбе барои занону духтарон аз оилаҳои ниёзманд даври омӯзишии «Бонуи ҳунар» оғоз ёфт
Барои ташкили ғайриқонунии нуқтаи савдо нисбат ба 13 шаҳрванд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Боғи фарҳангию фароғатии «Аҳмади Дониш»-и шаҳри Душанбе беҳтарин боғ дар соли 2025 дониста шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Имрӯз дар «Кохи Суруш»- и шаҳри Душанбе Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд