Дар Тоҷикистон амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» шурӯъ гардид
ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ«Ховар»/. 20 октябр дар ҷумҳурӣ амалиёти навбатии «Муоинаи техникӣ» оғоз гардид, ки то 30 октябр идома меёбад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи ташвиқоту таблиғоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Қурбонзода хабар дод.
Мақсад аз гузаронидани амалиёт пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани ҳолати техникӣ, муайян намудани шумораи дақиқи воситаҳои нақлиёт, назорат бурдан ҷиҳати супоридани маблағи андоз, пурра ҷалб намудани воситаҳои нақлиёти боркаш ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт ба муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ мебошад.
Дар ин давра Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёт хоҳиш менамояд, ки воситаҳои нақлиётро дар ҳолати дурусти техникӣ нигоҳ дошта, сари вақт ба муоинаи техникӣ пешниҳод намоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






