Дастаҳои «Сипар» ва «Соро компания» дар финали лигаи касбии футзал байни ҳам бозӣ мекунанд

Октябрь 6, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе дар бозии сеюми даври нимфинали лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020 бар  дастаи  «Муҳоҷир»-и шаҳри  Душанбе  бо ҳисоби  3:0 ғалаба карда, ба финал баромад ва бо дастаи  футзали «Сипар»-и  шаҳри Хуҷанд рақобат мекунад. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони ҚУРБОН шарҳ медиҳад. Дастаҳои футзали «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе  ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан барои ҷои сеюм  байни ҳам рақобат  мекунанд. Ёдрас мешавем, ки финал ва бозӣ барои ҷои сеюми лигаи касбии футзали мамлакат аз силсилаи бозиҳо то се ғалаба иборат аст. Ду бозии аввали вохӯрии финалӣ дар шаҳри  Хуҷанд, сабқати  аввали бозӣ барои ҷои сеюм  дар  шаҳри Душанбе сурат мегиранд.

Лигаи касбии футзали Тоҷикистон-2020

Нимфинал. Бозии сеюм

«Соро компания» – «Муҳоҷир» – 3:0

Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 12 (1:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 13 (2:0). Умед Кузиев, 17 (3:0).

4 октябр. Душанбе. Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ҳисоби силсилабозиҳо – 2:1.

Ёдовар  мешавем, ки чанд рӯз пеш дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуда буд. Дар бозии финалӣ, ки  дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, дастаи футзали «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе  дастаи «Равшан»-и  шаҳри Кӯлобро бо ҳисоби калони  8:4 мағлуб намуд. Дар ҳайати дастаи футзали   «Соро компания»-и шаҳри  Душанбе Некрӯз Алимаҳмадов 3 гол, Вахтанг Кекелия ду гол, Муҳаммад Шарипов, Сиёвуш Қаюмов, Насим Шарипов якголӣ ба ҳадаф расониданд. Дар ҳайати дастаи футзали  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Иброҳим Мирзоев се тӯб, Умеди Ҳусайн як тӯбро вориди дарвозаи дастаи «Соро компания»-и шаҳри Душанбе карданд. Дар ин вохӯрии финалии Ҷоми Тоҷикистон   Некрӯз Алимаҳмадов аз дастаи  футзали  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе беҳтарин бозингар  эътироф шуд.

Хотиррасон  мешавем, ки  бозиҳои даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон  дар сатҳи баланд доир гардида буданд. Дар маҷмааи варзишии Кумитаи андоз дастаи  футзали «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  бар дастаи «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард. Голҳоро Некрӯз Алимаҳмадов, Рустам Ҳомидов ва Муҳаммад Раҷабов ба нишон расониданд.

Дар бозии дигар дастаи футзали «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар сафар бар дастаи  «Истаравшан»-и  шаҳри Истаравшан  бо ҳисоби 8:7 пирӯз шуд.

Финал

12 сентябр

Соати  16:00

«Соро компания» – «Равшан» 8:4

 «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд

 Голҳо: Некрӯз Алимаҳмадов, 6 (1:0). Муҳаммад Шарипов, 6 (2:0). Иброҳим Мирзоев, 8 –   (2:1). Иброҳим Мирзоев, 15 (2:2). Некрӯз Алимаҳмадов, 17 (3:2). Вахтанг Кекелия, 17 (4:2). Сиёвуш Қаюмов, 27 (5:2). Вахтанг Кекелия, 28 (6:2). Умеди Ҳусайн, 32 (6:3). Некӯуз Алимаҳмадов, 33 (7:3). Насим Шарипов, 38 (8:3). Иброҳим Мирзоев, 40  — (8:4).

Октябрь 6, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд