Духтур гурӯҳи одамонеро номбар кард, ки ваксинаи зидди коронавирус шояд ба онҳо кумак накунад
ДУШАНБЕ, 21.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мушоҳида шудааст, ки дар вуҷуди одамони дорои норасоии масунияти бадан коркарди зарраҳои зидди уфунати коронавирус заиф аст ва ваксинаи зидди COVID-19 метавонад ба онҳо кумак накунад. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ин изҳоротро вирусологи рус, доктори илмҳои тиббӣ, профессори Маркази илмии эпидемиология ва микробиологияи ба номи Гамалей Анатолий Алтштейн баён кардааст.
Қаблан директори Маркази ба номи Гамалей Александр Гинтсбург чаҳор гурӯҳи одамонеро номбар карда буд, ки баъди ба бадани онҳо ворид намудани ваксинаи зидди коронавирус коркарди зарраҳои зидди уфунат (антителаҳо) дар вуҷуди онҳо заиф аст.
«Пиронсолонро ба гурӯҳи алоҳида шомил намудаанд. Аммо, масалан, ман шахси солхӯрда ҳастам, бо ваксина эм шудам ва коркарди зарраҳои зидди уфунат дар вуҷудам хуб аст. Ман як нафари дигарро мешиносам, ки 90 сол дорад ва дар вуҷуди ӯ низ коркарди зарраҳои зидди уфунат хуб аст”, — чунин шарҳ дод ин изҳороташро Алтштейн зимни мусоҳиба бо URA.RU.
Вирусшинос шубҳа дорад, ки «майзадаҳо ва намояндагони гурӯҳҳои дигари номбаршуда (гурӯҳи Гинтсбург-шарҳи RT)» метавонанд ба мушкилоти коркарди зарраҳои зидди уфунат дучор шаванд.
Ба гуфтаи ӯ, ягона гурӯҳе, ки чунин ҳолат дар онҳо мушоҳида мешавад, ин шахсони гирифтори норасоии масунияти бадан мебошанд. Зикр карда шуд, ки ваксина «метавонад ба онҳо таъсир накунад».
«Одамон аз рӯи қобилияти коркарди зарраҳои зидди уфунат аз ҳам фарқ мекунанд, аммо ба таври дақиқ ба гурӯҳҳо тақсим кардани онҳо хеле душвор аст. Ин на ба вазъи саломатӣ, балки ба хусусияти организм вобаста аст ва касе инро намедонад», — хулоса кард Алтштейн.
АКСИ: YouTube








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






