ФУТЗАЛ. Дастаи «Сипар» дар сурати ба даст овардани як пирӯзии дигар унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб мешавад

Октябрь 19, 2020 13:20

ДУШАНБЕ, 19.10.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи  футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд бар дастаи  «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  дар ду силсилабозиҳои финали Лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд. Бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат гирифта,  «Соро компания» дар шаҳри  Душанбе  дастаи «Сипар»-ро қабул мекунад. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозии аввали дастаҳо бо ҳисоби  мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти дастаи  футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд омад карду бо ҳисоби   4:3   ғолиб омад. Дар бозии дуюм дастаи  «Сипар» бо ҳисоби 6:2 бар дастаи   «Соро компания»-и шаҳри Душанбе  ғалаба  кард. Ҳарду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд. Ҳамин тариқ, дастаи  футзали  «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки  дар ду бозӣ барои ҷои сеюм дастаи  «Муҳоҷир»-и шаҳри Душанбе бар дастаи  «Истаравшан» ғалаба кард – дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5. Футболбозони дастаи «Муҳоҷир»-и  шаҳри Душанбе  дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии Лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст оранд.

Октябрь 19, 2020 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар