Имрӯз «Равшан» бо «Ҳулбук», «Барқчӣ» бо «Саройкамар» ва «Ҳосилот» бо «Ваҳдат» рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 10.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври бистуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор шуданд. Дар се бозӣ меҳмонон, дар ду вохӯрӣ мизбонон ғолиб шуда, як дидор мусовӣ хотима ёфт. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, ки ҳадди ақалл кафолати гирифтани медалҳои нуқра ва ҳаққи ширкат дар Лигаи олиро дар мавсими соли 2021 ба даст овардааст, 7 октябр дар даври бистум дар меҳмонӣ дастаи футболи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдатро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд. Дастаи футболи «Равшан», ки дар 19 бозӣ 48 имтиёз гирифтааст, дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи аввал ҷойгир шудааст. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии даври гузашта дар меҳмонӣ дастаи футболи «Исфара»-и шаҳри Исфараро бо ҳисоби 4:1 мағлуб кард. Дастаи «Эсхата», ки 40 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми дуюм касб намудааст. Ба дастаи «Эсхата» барои ба Лигаи олӣ баромадан дар се бозии боқимонда муқобили дастаҳои футболи «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе, «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб як имтиёз ба даст овардан кофист.
Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки 35 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро аз они худ кардааст. Дастаи «Панҷшер» дар даври сипаришуда дар меҳмонӣ аз дастаи футболи «Равшан»-и Зафаробод бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.
Се бозии дигари даври бистуми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон бо чунин натиҷа хотима ёфтанд: дастаҳои футболи «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе аз «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 1:4, «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бар «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо натиҷаи 1:0 ва «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бо «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон бо ҳисоби мусовӣ 2:2.
Бозиҳои даври 21-уми мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон10-11-уми октябр баргузор мешаванд.
Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 20-ум
«Шоҳмансур» – «Ҳосилот» – 1:4
Голҳо: Хайрулло Азизов, 10 (0:1). Нурулло Маҳмудов, 31 – аз пеналтӣ (0:2). Комрон Салимов, 35 (0:3). Амриддин Раҳимов, 43 (1:3). Хайрулло Азизов, 77 (1:4).
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ : Хайрулло Азизов («Ҳосилот»).
«Ваҳдат» – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:2
Голҳо: Ҳасан Рустамов, 12 (0:1). Наврӯз Рустамов, 67 (0:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Ҳасан Рустамов («Равшан», Кӯлоб).
«Ҳулбук» – «Барқчӣ» – 1:0
Гол: Аваз Камчинов, 45 – аз пеналтӣ.
Беҳтарин бозингари сабқат: Аваз Камчинов («Ҳулбук»).
«Саройкамар» – «Моҳир» – 2:2
Голҳо: Акмалҷон Авазов, 42 (1:0). Соҳибҷон Ваҳобов, 51 (2:0). Ҳоҷиакбар Холмуродов, 53 (2:1). Дилшод Тағоев, 86 (2:2).
Беҳтарин бозингари дидор: Баҳровар Ҳалимов («Моҳир»).
«Равшан» (Зафаробод) – «Панҷшер» – 3:0
Голҳо: Бахтиёр Зарипов, 19 (1:0). Бахтиёр Зарипов, 29 (2:0). Хурсандмурод Ҷумъаев, 43 – аз пеналтӣ (3:0).
Беҳтарин бозингари рақобат: Бахтиёр Зарипов («Равшан», Зафаробод).
«Исфара» – «Эсхата» – 1:4
Голҳо: Ҷӯрабой Исоев, 13 (0:1). Мубинҷон Муъминов, 22 (0:2). Мубинҷон Муъминов, 35 – аз пеналтӣ (0:3). Ҷӯрабой Исоев, 68 (0:4). Суҳробҷон Сабуров, 76 (1:4).
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ : Мубинҷон Муъминов («Эсхата»).
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | «Равшан» (Кӯлоб) | 19 | 16 | 0 | 3 | 68-31 | 48 |
| 2 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 19 | 13 | 1 | 5 | 51-31 | 40 |
| 3 | «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) | 20 | 10 | 5 | 5 | 49-26 | 35 |
| 4 | «Равшан» (Зафаробод) | 20 | 10 | 5 | 5 | 41-25 | 35 |
| 5 | «Ҳулбук» (Восеъ) | 20 | 10 | 3 | 7 | 37-31 | 33 |
| 6 | «Ҳосилот» (Фархор) | 20 | 8 | 3 | 9 | 35-36 | 27 |
| 7 | «Моҳир» (Ёвон) | 20 | 8 | 3 | 9 | 46-60 | 27 |
| 8 | «Ваҳдат» (Ваҳдат) | 20 | 7 | 5 | 8 | 47-36 | 26 |
| 9 | «Барқчӣ» (Ҳисор) | 20 | 8 | 1 | 11 | 36-38 | 25 |
| 10 | «Саройкамар» (Панҷ) | 20 | 6 | 5 | 9 | 40-45 | 23 |
| 11 | «Исфара» (Исфара) | 20 | 6 | 1 | 13 | 29-50 | 19 |
| 12 | «Шоҳмансур» (Душанбе) | 20 | 0 | 2 | 18 | 13-83 | 2 |
Нишонзанҳо: Аваз Камчинов («Ҳулбук») – 26 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 20 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 18-тӯбӣ.
Даври 21-ум
10 октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:00
«Барқчӣ» – «Саройкамар»
«Равшан» (Кӯлоб) – «Ҳулбук»
«Ҳосилот» – «Ваҳдат»
11 октябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:00
«Моҳир» – «Равшан» (Зафаробод)
«Эсхата» – «Шоҳмансур»
«Панҷшер» – «Исфара»








Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад






