«Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин унвон дар Маҷлиси намояндагон машварат доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин унвон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат баргузор гардид.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар семинар мудири шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Абдуқодир Комилзода ва муовини мудири шуъбаи кадрҳо ва коргузории махсус Занҷирамо Нуруллозода сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматчии давлатиро, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касб ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсон, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизматчии давлатӣ мебошанд, танзим менамояд.
Бо мақсади тақвияти масъулияти хизмачии давлатӣ ва самаранокии идоракунии хизмати давлатӣ, инчунин ҷиҳати таҳкими обрӯю эътибори ниҳоди хизмати давлатӣ мувофиқи қисми 2 моддаи 71 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дар асоси Фармони Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, «Дар бораи Кодекси одоби хизмачии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шуд.
Муқаррароти Кодекси мазкур нисбат ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ, ки мансабҳои давлатии хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии низоми хизмати давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ишғол менамоянд, татбиқ мегардад.
Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хизмати давлатӣ дохил мешавад, ба Кодекси мазкур шинос шуда, вазифадор аст талаботи онро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматӣ риоя намояд.
Таҳти мафҳуми рафтори хизматӣ рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ, ки ҳангоми ба кор омадан, аз кор рафтан, иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, иштирок дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳои давлатӣ зоҳир мегарданд.
Рафтори ғайрихизматӣ — рафтору амал ва муносибати хизматчии давлатӣ аст, ки ба иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ иртибот надошта, берун аз ҷойи кор дар ҷомеа зоҳир мегардад.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






