Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад

Октябрь 25, 2020 20:11

ДУШАНБЕ, 25.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки  маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд.

Мавриди зикр аст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд. Корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд.

Байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ду кишвар  гуфтушунид идома дорад.

       Акс аз бойгонӣ

Октябрь 25, 2020 20:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид