Мушовирони Донишгоҳи Аврупоии Варна барои омӯзгорони ду муассисаи олии таълимии Тоҷикистон онлайн-машғулият доир намуданд

Октябрь 19, 2020 10:41

ДУШАНБЕ, 19.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то  17 октябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди ҳамкории шабакавии байни донишгоҳҳо-омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон” дар мавзӯи “Такмили методикаи таълим дар низоми шабакавӣ” онлайн-машғулият  доир гардид. Тренинг дар шакли вебинар дар софтвери Google Meat аз тарафи мушовирони байналмилалӣ аз Донишгоҳи Аврупоии Варна (Булғористон) барои ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара доир карда шуд.  Дар ин бора  ёвари Ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Барои иштирокчиёни тренинг шароити хуби корӣ бо дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири омӯзиши шабакавӣ фароҳам оварда шуда, зимни машғулият аз тарафи тренерон Петр Петров, Владимир Жучев ва Радка Начева татбиқи амалии онлайн-машғулият барои донишҷӯён намоиш дода шуд. Аз тарафи иштирокчиёни тренинг барномаҳои амалкунандаи таҳсилоти фосилавӣ ба таври электронӣ дар барномаи Moodle муаррифӣ карда шуданд.

Аз ҳарду муассисаи таълимӣ, ки лоиҳаи муштарак амалӣ месозанд, 40 нафар омӯзгорон дар тренинг иштирок карданд. Дар доираи баргузории тренинг инчунин аз ҷониби омӯзгорони ботаҷрибаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои ҳайати донишҷӯён, магистрон ва омӯзгорони факултети иқтисодиёти миллӣ ва таҳлили молиявии Донишгоҳи давлатии Данғара машғулияти таълимӣ ва омӯзишҳои иловагӣ баргузор карда шуданд.

Иштирокчиёни тренинг тасмим гирифтанд, ки дар самти истифодаи технологияи электронӣ дар раванди таълим, бахусус татбиқи онлайн- машғулият, ки аз ҷумлаи яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад, ҳамкориро дар оянда низ идома диҳанд.

Октябрь 19, 2020 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд