Музаффар Ҳусейнзода роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ДУШАНБЕ, 19.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 19 октябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода роҳбари нави Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон Анжелика Шоппро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни cуҳбат масоили фаъолияти КБСС ва барномаҳои расонидани кумакҳои башардӯстона дар ҷумҳурӣ, афзудани иқтидори сохторҳои давлатии дахлдор, паҳн намудани дониш дар бораи ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи хосса ба кумакҳои башардӯстона ба муассисаҳои тиббӣ, хонаҳои кӯдакон ва ниҳодҳои ҳолатҳои фавқулода дар давраи ҳамагирии COVID-19 равона гардид.
Роҳбари Намояндагии КБСС дар Тоҷикистон миннатдории хешро ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ барои дастгирӣ ва мусоидат дар амалӣ гардидани барномаҳои башардӯстонаи он дар кишвар изҳор намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири сайёҳӣ ва осори бостонии Миср мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва FAO баррасӣ гардид
«Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қазоқистон барои солҳои 2026–2028» ба имзо расид
Котиби кулли Конвенсияи Рамсар ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
Шараф Шерализода бо Роҳбари Дафтари Федералӣ оид ба кишоварзӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амвол ва биноҳои Вазорати корҳои хориҷии Эрон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд






