ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 20+22 дараҷа гарм мешавад

Октябрь 31, 2020 08:10

 ДУШАНБЕ, 31.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 20+22 дараҷа  гарм мешавад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 4+1 дарҷаи гарм ва рӯзона 11+16дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 15 то 20 дараҷа хунук ва рӯзона 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5  ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 1 то 6 дараҷа  хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шимолу шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 20+22 дараҷа  гарм мешавад.

Октябрь 31, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд