ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад

Октябрь 3, 2020 08:13

ДУШАНБЕ, 03.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 0+5 ва рӯзона 19+24  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр  ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 3+8 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  1+6  ва рӯзона 14 +19 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри  бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6 ва  рӯзона 23+25 дараҷа  гарм мешавад.

Октябрь 3, 2020 08:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид