Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ бо ҳайати мушоҳидони Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ мулоқот намуданд

Октябрь 10, 2020 10:31

ДУШАНБЕ, 10.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳайати мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳти сарварии ҳамоҳангсози гурӯҳ- Раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба сохторҳои федералӣ, сиёсати минтақавӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва корҳои Шимолӣ  Олег   Мелниченко,  ки бо мақсади мушоҳидаи раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамлакати мо ташриф овардаанд,  ба ҳузур пазируфтанд.  Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Иштирокчиёни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкории байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Марҳилаи муҳими рушди ҷараёни назорати байналмилалии интихобот дар кишварҳои ИДМ тасдиқи «Конвенсия дар бораи меъёрҳои интихоботи демократӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои интихоботӣ» аз ҷониби кишварҳо-иштирокчиёни Ассамблеяи байнипарламентии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он аз соли 2003 ҳамроҳ мебошад.

Тавре таъкид гардид таҷрибаи Ассамблеяи байнипарламентӣ шурӯъ аз соли 1994 дар анҷоми мониторинги интихобот бахши муҳими фаъолияти он ба шумор меравад.

Дар мулоқот изҳори боварӣ гардид, ки иштироки ҳайати мушоҳидони Ассамблеяи байнипарламентии  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихобот бидуни ягон шак ба таъмини принсипи ошкорбаёнӣ ва шаффофияти ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусоидат мекунад.

Октябрь 10, 2020 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид