Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд

Октябрь 11, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо истифода аз ҳуқуқи шаҳрвандии худ дар маъракаи интихоботи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, ба номзади дилхоҳ овоз дод. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии №5, ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, омад.

Иштирок ва овоздиҳии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ҷараён гирифт.

 

Октябрь 11, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 16-уми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
Дар ҳошияи Ассамблеяи парламентии Осиё таҳкими ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон баррасӣ шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд