«САРҲАДИ ТОҶИК ЗАБОНИ ТОҶИК АСТ…». Мулоҳизаҳои узви Комиссия оид ба татбиқи Қонуни забони давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Октябрь 5, 2020 10:09

ДУШАНБЕ, 05.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони муосир ҳифзи  арзишҳои миллӣ, бахусус забони модарӣ, ки ҳастии миллат, фарҳанг ва тавонмандии давлатдории миллӣ ба он бастагӣ дорад, муҳим мебошад. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар тўли се даҳсолаи охир дар ҳаёти мамлакат рӯйдодҳои басо пурарзиш ва таърихӣ ба вуҷуд омаданд, ки муҳимтарини онҳо ташаккули мактаби давлатдории миллӣ мебошад. Забони тоҷикӣ дар ин мактаб чун меҳвари арзишҳо ва рукни тавонманду сарнавиштсоз мақоми давлатӣ ва фазои муносиби рушди худро  касб кардааст. Чунин  навиштааст мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, котиби Комиссия оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе Фатҳуддин СОЛЕҲОВ дар як матлаби худ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст.

Дар идомаи нигориши худ муаллиф чунин овардааст:

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳо дар мавриди аз даст додани забони модарӣ аз ҷониби бархе давлатҳо ва ҳифзи он изҳор дошта буданд, «миллатҳое, ки аз худ осор ва тамаддун ба мерос гузоштаанд, кам нестанд. Аммо бархе аз онҳо бо номи миллати хеш дигар вуҷуд надоранд ва бо сабаби аз даст додани рӯҳи миллии худ, яъне забони модарӣ аз саҳифаи таърих хориҷ шудаанд»…

Воқеан, миллати тоҷик бо вуҷуди он ҳама рўзҳои сахти дар тўли таърих басарбурда маҳз бо ҳифзи забони миллӣ ҳамчун миллат бақо ёфтаву зинда мондааст. Бо дарназардошти далелҳои фаровони таърихӣ дар бораи ҳастии миллату давлатҳо таъкиди ин нукта, ки забон омили муҳими пойдории миллат мебошад, бар асоси воқеияти илмӣ устувор аст, зеро то замони мо он ҳама арзишҳои маънавӣ, таърих ва фарҳангу тамаддун, ки ҷузъи муҳиму ҷудонопазири миллат ҳастанд, маҳз туфайли забон ба ёдгор мондаанд.

Асри ҷаҳонишавӣ миллатҳоро ба гирдоби нобудӣ кашида, ҳастии маънавии бархе аз онҳоро ба боди таърих додааст. Бо вуҷуди ҷой доштани таҳдидҳои ҷиддӣ ба мероси фарҳангиву моддии миллатҳои олам ва новобаста аз авзои мураккаби сиёсии ҷомеаи ҷаҳон, хушбахтона, бо ташаккули мактаби давлатдории миллӣ пуштибони худро ёфтани забони миллӣ чун муҳимтарин рамзи шинохти ҳувият ғановату тавонмандии худро дар мақоми забони давлатӣ пайдо намуда, меҳвари арзишҳои ин мактаби давлатдории миллӣ қарор гирифтааст.

Таърих гувоҳ аст, ки давоми садсолаҳо қаламрави забони тоҷикӣ дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё – аз соҳили баҳри Хазар то Қошғари Чин ва риштакӯҳҳои Ҳимолой василаи тарвиҷу тарғиби илму тамаддун ва забони мукотибаву муҳовараи халқҳои ин минтақаи паҳновар гардида буд.

Тавре шоҳири шаҳир Бозор Собир фармудааст:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст…

Забони модарии мо баёнгари сарнавишти миллат буда, бо истиқлоли Ватан шукуфо ва истиқлол дошта, ҳангоми мағлубияти сиёсӣ инқирозу фаношавиамонро ҳифз намудааст.

Албатта, миллати тоҷик бо вуҷуди беадолатиҳои таърих рисолати инсондўстиву фарҳангпарварии худро нигоҳ дошта, барои дифои истиқлоли фарҳангӣ ва забони модарии худ ҳамеша ҷаҳду кӯшиш намудааст.

Яке аз хусусиятҳои муҳими забони тоҷикӣ он аст, ки бо вуҷуди собиқаи таърихӣ ва таҳаввулу дигаргуниҳо он ба насли имрўз низ фаҳмо мебошад. Махсусан асарҳои безаволи Мавлоноро метавон ба ёд овард.

Каломи басо дилчаспу содаи Мавлоно баъди гузашти беш аз 800 сол имрўз низ барои ҳар пиру ҷавони тоҷик фаҳмову дастрас буда, ҳамчунин аксари мардуми оламро, сарфи назар аз эътиқод ва дину оинҳои мухталиф мафтун гардонидааст.

Шахсияти Мавлоно мояи ифтихор ва сарфарозии мо, тоҷикон ва тамоми башарият аст. Мавлоно дар силсилаи он фарзандони фарзона ва арҷманди миллати куҳанбунёди тоҷик қарор дорад, ки бо сухани гарму нарми худ ба забони деринарўзгори мо рўҳи тоза ва ҷони нав ворид кардааст. Худи ӯ низ дар сурудаҳояш  ҳамин маъниро возеҳан таъкид кардааст:

Оби ҳайвон хон, махон инро сухан,
Рўҳи нав бин дар тани ҳарфи куҳан.

Ин нукта гувоҳи он аст, ки забони тоҷикӣ бо ҷолибии маънӣ, таркибу ибораҳо, истилоҳоти гуногуни илмӣ дар тамаддуни классикӣ ва муосири тоҷикон ҷойгоҳи муносиб ёфтааст.

Забони миллӣ дар мақоми забони давлатӣ асоси ташаккули илму маориф ва тамаддуни ҳар кишвар мебошад. Бештари давлатҳо, ки ба дастовардҳои бузурги илми ҷаҳонӣ ноил шудаанд, илми худро тавассути забонҳои миллӣ эҷод ва муаррифӣ кардаанд.

Забони мо низ дар мақоми забони илм таҷрибаи тўлонӣ дошта, ки онро осори илмии гузаштаи мо бо маъруфияти махсус собит намудааст. Забони тоҷикӣ дар соҳаҳои гуногуни илм, бахусус дар мисоли эҷодиёти Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Имом Тирмизӣ, Форобӣ, Ҷурҷонӣ, Насируддини Тусӣ, Фахриддини Розӣ, Шамси Қайси Розӣ, Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Воҷидалии Муҷмалӣ ва чеҳраҳои дигари илму адаб тавоноияшро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, дар эҷоди истилоҳоти илмӣ низ мақоми махсус доштааст.

Донишмандони гузашта ва имрӯзи мо ин маъниро, ки забон асоситарин рукни шинохти халқу миллат ва қавитарин василаи мавҷудияти он аст, хуб дарк кардаанд. Аз ин ҷост, ки ҳамеша бевосита ё ба воситаи осори фалсафию мантиқӣ, мусиқию нақди адабӣ андешаи хешро баён карда, афкори забоншиносии тоҷикро поягузорӣ ва рушд додаанд.

Ба ақидаи олимони забоншинос, дар ташаккули забони порсии дарӣ ва адабии мардуми тоҷик ҳамдастии донишмандони тоҷику форс, ки аз байни забонҳои форсии миёна лаҳчаи порсии дариро баргузида, дар ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати ин забон, ки дар илми забоншиносӣ бо истилоҳи «форсии нав» ёд мешавад, бузург аст.

Бинобар ин зарур мешуморем, ки ба марҳилаҳои таърихӣ ва омилҳои рушди забони миллӣ таваҷҷуҳ намоем.

Яке аз омилҳои муҳим ва созанда хизмати бузурги олимони тоҷику форс дар пайванду иттиҳод ва ҳамбастагии самарабахши забону фарҳанги форсӣ бо муқаддасоти исломӣ мебошад. Маҳз ҳамбастагӣ ва пайванди маънавии асолати қавмӣ бо дини мубини ислом сабабгори он гардид, ки беҳтарин, боарзиштарин расму ойинҳои бостонӣ, фарҳангу ҳунари мардуми ориёӣ ҳифз гардад ва дар зербинои он тамаддуни наву олие эҷод шавад, ки дар олам ба унвони «тамаддуни исломӣ» шуҳрат дорад. Донишмандони форсу тоҷик на танҳо бо забони модарии худ осори ғании илмиву фарҳангӣ эҷод кардаанд, балки дар пешрафт ва рушди улуми диниву ақлӣ дар тўли ҳазорсолаҳо хизматҳои арзанда анҷом додаанд. Роҷеъ ба ин масъала мутафаккири бузурги арабнажод Ибни Халдун чунин фармудааст: «Аз умури ғариб яке ин аст, ки  ҳомилони илм дар ислом аксар аз Аҷам буданд, хоҳ дар улуми шаръӣ ва хоҳ дар улуми ақлӣ ва агар дар миёни уламо марде арабнажод буд, дар забону тарбият парвардаи Аҷам ба ҳисоб мерафт».

Олимони тоҷику форс бо донишу фазл ва ҳунару истеъдодҳои фитрӣ на танҳо илму маърифати исломиро фаро гирифтанд, балки дар ин ҷода ба пешрафтҳои чашмгир ва оламшумул ноил гардиданд. Аз ҳамин ҷост, ки онҳо дар хилофат мақоми муносиберо соҳиб шуда, дар баробари таҳким ва густариши дини ислом, эҷоду сарварии мазҳабҳои шаръӣ, қонунҳо ва муқаррароти динӣ ба амалӣ сохтани ҳадафу ормонҳои миллии худ, баланд бардоштани мақоми забони модариашон чун дувумин забони расмии тамаддуни исломӣ, дар сохти давлатдорӣ роиҷ намудани усулҳои девонӣ, ташрифотӣ, коргузорӣ, ҷорӣ кардани ҷашнҳои мардумони сарзамини тоҷику форс, аз қабили Наврўз дар аҳди Аббосиён пардохтанд ва дар роҳи расидан ба истиқлоли миллӣ ба ин васила қадамҳои устувор ва қатъӣ гузоштанд.

Дар густариш ва пайдо намудани мақом ва манзалати забони порсӣ дар қаламрави хилофати исломӣ Имоми Аъзам Абуҳанифа хизмати бузургеро анҷом додааст. Дар бораи хизматҳои арзандаи ў Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чунин баҳои баланд додаанд: «Бо ҳиммат ва фидокории ҳаммиллати бузурги мо-Имоми Аъзам забони тоҷикӣ дар паҳлўи забони арабӣ забони расмӣ ва шаръӣ қарор гирифт. Бар асоси фатвои ин марди худогоҳ тамоми мардумоне, ки дар қисмати шарқии Хилофати Араб ба дини ислом мегаравиданд, забони тоҷикии форсиро ба сифати забони динӣ, расмӣ ва муоширати байни халқҳо пазируфта буданд».

Аз ҳамин ҷост, ки забони тоҷикии форсӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон, ки сарзамини Тоҷикистони имрўза яке аз ҷузъҳои таркибии он ба шумор меравад, нашъу намои тоза ёфт, зеро аксар мардумони ин минтақа тоҷикон буданд ва пайрави собитқадами мазҳаби ҳанафӣ буданд, тибқи фармудаи пешвои мазҳаби худ дар тарғибу ташвиқи таълимоти ислом аз забони модариашон кор мегирифтанд ва оқибат Бухороро дар аҳди Сомониён ба маркази ин забон табдил доданд.

Ин шаҳодати равшани он аст, ки рози ҳамбастагӣ ва бузургдошти забони модарӣ на як бору ду бор сабаби наҷоти ин қавм ва таъмингари истиқлоли маънавии он будааст, балки аз ҷониби донишмандону мутафаккирон василаи истиқлолхоҳӣ истифода шудааст.

Шоири бузург Фирдавсӣ беш аз сӣ сол ранҷу заҳмат кашида, аз назми тоҷикӣ кохи бегазанде бунёд карда, ки ин шоҳасар дар адабиёти ҷаҳон чун дурдонаи бебаҳо ва намунаи олии суханварӣ шинохта шудааст. Ў ба офаридани «Шоҳнома» на танҳо таъриху фарҳанги бостонии мардуми моро эҳё кард, балки ба василаи ин корнамоии бузурги хеш тухми забони тоҷикиро дар ниҳоди мардуми олам корид.

Ин аст, ки забони тоҷикӣ дар ҷомеаи имрўзаи мо дар мақоми забони илм, маориф, фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ ва тиҷорат қарор дошта, ба таври озод дар умури сиёсии дохиливу байналмилалӣ истифода мешавад.

Маҳз тавассути арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ забони мо бо доштани имконоти фаровон дар ҷомеа мақому мартабаи бесобиқа пайдо кардааст.

Зикри ин нукта, ки давлату ҳукумати Тоҷикистон имрӯз пушту паноҳи забони миллӣ мебошанд ва онро чун рукни асосии бинои ҳастии миллат, муқаддасот ва нигаҳбони ҳувияти миллӣ арҷгузорӣ ва парасторӣ менамоянд, барҳақ аст.

Аз баракати ин ғамхориҳои муҳаббатомез забони тоҷикӣ бо тавонмандиҳои тозаи худ аз маҳфилу ҳамоишҳои ватанӣ то ба анҷуману нишастҳои байналмилалӣ густариш пайдо намуда, дар ҷодаи сарсабзӣ ва шукуфоӣ роҳ мепаймояд ва ҳамчун унсури ҳувиятсоз барои эҳёи зарфият ва дастовардҳои дурахшони таърихии худ фазои муносиби сиёсӣ ва маънавӣ пайдо кардааст.

Ин маҳбубият ба миллату забон имкон фароҳам намудааст, ки ганҷинаи вожагону истилоҳот, ки дар тўли бештар аз ҳазор сол ба вуҷуд омадааст, дар тамоми соҳаҳо мавриди истифода қарор дода шавад ва гузаштаи миллатро ба имрўзу ояндаи он пайванд созад.

Дар ин марҳилаи пурифтихори миллӣ ва авҷи камолоти давлатдорӣ дар роҳи ҳифзу таҳкими забони миллӣ моро зарур аст ҳастии забонро, ки асоси бедорӣ ва худафрўзии маънавии мо ва рамзи таърихии шинохти ҳувияти миллӣ арзёбӣ мешавад, ба ҳастии худ пайванд дониста, дар рушди пайвастаи он саҳм гузорем.

Октябрь 5, 2020 10:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад
Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст гардид
«Behran Lift» барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифту эскалатор дар Душанбе изҳори ҳавасмандӣ намуд
Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ ДАР GOOGLEMAP, YANDEXMAP ВА OSM. 1500 акси ҷолиби пойтахти Тоҷикистон дар ин харитаҳои рақамии бонуфузи ҷаҳонӣ ҷой карда шуд
Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе таҳия гардид
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум оғоз гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд
Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд