Сироҷиддин Муҳриддин ва Такаюки Мияшита Ёддоштҳои табодулиро дар бораи Лоиҳаи бурсияҳои таҳсил имзо намуданд

Октябрь 2, 2020 13:24

ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири  корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита доир гардид.

Дар мулоқот масъалаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтироми муштарак табодули назар сурат гирифт. Ҳангоми суҳбат инчунин ҳамкории ду давлат дар соҳаи мубориза бо бемории ҳамагири COVID-19 мавриди баррасӣ карор гирифт.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки Япония яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон буда, дар соҳаҳои мухталиф ҳамкории гуногунҷанба ба роҳ мондааст.

Ба зикри номбурда, саҳми Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) дар иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон назаррас мебошад.

«Мо аз кумаки JICA дар соҳаи зерсохтор, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бозомӯзӣ ва рушди малакаҳо дар доираи Кумаки расмии рушд (ODA) сипосгузорем.

Таълим ва рушди захираҳои инсонӣ яке аз самтҳои авлавиятноки стратегияи рушди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. То имрӯз беш аз 2 ҳазору 250 нафар мутахассисон аз Тоҷикистон дар давраҳои гуногуни омӯзишӣ дар Япония ширкат варзиданд. Аз соли 2009 инҷониб Лоиҳаи бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи Барномаи рушди захираҳои инсонӣ (JDS) тавассути баланд бардоштани иқтидори мутахассисони ҷавон дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ҳуқуқ, иқтисод ва мудирият саҳми зиёд мегузорад.

Мояи хушнудист, ки шумораи стипендияҳо барои солҳои хониши 2020-2030 дар магистратура аз 7 ба 12 адад зиёд шуд. Мо ҷиҳати татбиқи минбаъдаи барномаҳои таълимӣ ва стипендия дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти стратегӣ, мудирият, муҳандисӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, навоварӣ, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, молия ва бонк, саноат, энергетика, тандурустӣ ва сайёҳӣ  манфиатдорем»,-гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Дар анҷоми мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ва Такаюки Мияшита Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи Лоиҳаи бурсияҳои таҳсилӣ аз рӯи Барномаи рушди захираҳои инсониро имзо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Лоиҳаи навбатии «Кумаки грантии Япония барои рушди захираҳои инсонӣ», барои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Япония дар соҳаи маориф бисёр муҳим мебошад.

Октябрь 2, 2020 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид