Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ваҳдат

Октябрь 8, 2020 15:04

08.10.2020, шаҳри Ваҳдат

Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамватанони азиз!

Дар давоми рӯзҳои охир, ки сафари кории мо ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад, хуб мушоҳида мегардад, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти шаҳри Ваҳдат бо мақсади ободу зебо гардонидани кишвари азизамон ва таъмин намудани зиндагии шоистаи ҳар як хонадони халқамон сарҷамъу аҳлона кору фаъолият карда истодаанд.

Ҳукумати мамлакат, дар навбати худ, барои ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар кардааст.

Аз ҷумла барои таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Ваҳдат дар давраи соҳибистиқлолӣ аз буҷети давлат беш аз якуним миллиард сомонӣ равона шудааст, ки беш аз як миллиарди он ба 7 соли охир рост меояд.

Дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар шаҳри Ваҳдат ба маблағи 3,4 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 2,4 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи 26 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ҷалб ва аз худ карда шуда, ҳоло 7 лоиҳаи дигар амалӣ гардида истодааст.

Дар остонаи таҷлили ҷашни 30-солагии соҳибистиқлолии кишвари азизамон бо саъю талоши мардуми ватандӯсти шаҳри Ваҳдат як қатор иншооту биноҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва дигар амалҳои хайру савоб анҷом дода шудаанд.

Дар доираи нақшаи ба истиқболи ҷашн тасдиқгардида дар шаҳри Ваҳдат бунёду азнавсозии 612 иншооту биноҳо пешбинӣ шудааст.

То имрӯз корҳо дар 394 иншоот ба анҷом расида, дар 177 иншооти дигар идома доранд.

Мардуми заҳматкаши шаҳр якҷо бо соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша ҷиҳати бунёди иншооти ба нақша гирифташуда ва ободу зебо гардонидани диёри худ рӯз ба рӯз саъю талоши бештар карда истодаанд.

Танҳо дар ҳашт моҳи соли 2020 барои сохтмону азнавсозии муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 55 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар шаҳри Ваҳдат то имрӯз қариб ба 13 ҳазор расида, нисбат ба соли гузашта 500 субъект зиёд шудааст, ки ҳоло онҳо барои рушди соҳаҳои воқеии шаҳр ва ташкили ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарздиҳӣ ба иқтисодиёти шаҳри Ваҳдат 73 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки аз ин нишондиҳанда 46 миллион сомонӣ ба соҳибкорони шаҳр рост меояд.

Мо аз субҳи имрӯз дар маросими ба истифода додани бинои истиқоматии баландошёна бо маркази ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ, литсейи касбии сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, зеристгоҳи барқӣ барои бо барқ таъмин намудани 9 деҳа дар деҳоти Ромит ва меҳмонхонаи замонавӣ иштирок кардем.

Ҳамчунин, бо ҷараёни парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар якчанд хоҷагии деҳқонӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзон шинос шуда, ба фаъолияти чандин ҳавзи моҳипарварӣ, ки дар ояндаи наздиктарин сокинони шаҳри Ваҳдат ва пойтахти мамлакатро бо ғизои парҳезӣ таъмин хоҳанд кард, ифтитоҳ бахшидем.

Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки дар иншооту муассисаҳо ва корхонаҳои навбунёди имрӯза барои сокинони шаҳр ва деҳоти он садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст.

Дар баробари ин, зикр бояд кард, ки дар шаҳр имкониятҳои истифоданашуда дар самтҳои боз ҳам тараққӣ додани соҳаҳои саноату кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди сайёҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ зиёданд.

Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар шаҳри Ваҳдат 68 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо нисбат ба 8 моҳи соли гузашта 25 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар баробари ин, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ 86 фоиз, орд 78, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ 82 ва равғани растанӣ 51 фоиз коҳиш ёфтааст.

Аз нишондиҳандаҳои соҳаи саноати шаҳр бармеояд, ки то ҳанӯз захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ бо дарназардошти афзоиши рӯзафзуни талабот ба маводи ғизоӣ пурра истифода нашуда истодаанд.

Роҳбарону мутахассисон вазифадоранд, ки тавассути ворид намудани технологияҳои муосир ва бунёди корхонаҳои нав ба истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти саноати сабук ва хӯрокворӣ, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Соли ҷорӣ кишоварзони шаҳр дар ҳаҷми умумии 376 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 17 фоиз зиёд мебошад.

Шаҳри Ваҳдат яке аз пойгоҳҳои муҳимтарини бо маҳсулоти тару тоза ва дигар намудҳои маводи ғизоӣ, аз ҷумла гӯшту шир таъмин намудани пойтахти мамлакат мебошад.

Бинобар ин, як масъалаи муҳимро бори дигар таъкид менамоям, ки бо дарназардошти тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим, хушксолиҳои шадид, зиёдшавии аҳолии сайёра ва вазъи бозорҳои ҷаҳонӣ роҳбарону мутахассисон ва ҳамаи хоҷагиҳои кишоварзӣ бояд ба масъалаи зиёд кардани майдони кишт, бунёди боғҳо, нигоҳ доштани саршумори чорво ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, яъне сафарбар намудани тамоми захираву имкониятҳо барои таъминоти бозори дохилӣ ва афзун намудани ҳаҷми содирот таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳанд.

Дар ин ҷода, азхудкунии заминҳои нав ва истифодаи оқилонаи онҳо, барқарорсозии боғҳои кӯҳна, бунёди боғҳои нав, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир омилҳои асосии афзоиш додани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ҳамин васила амалӣ намудани яке аз ҳадафҳои миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи таҳлилҳои коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тирамоҳу зимистони дарпешистода аз лиҳози таъминот бо маводи озуқа ҳамчун яке аз давраҳои мушкилтарин барои тамоми мардуми сайёра пешгӯӣ мешавад.

Дар кишвари мо, аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат барои пешгирӣ кардани оқибатҳои ин давраи вазнин ҳамаи шароиту имкониятҳо, пеш аз ҳама, заминҳои ҳосилхез, обҳои фаровон ва қувваи корӣ мавҷуданд.

Танҳо зарур аст, ки истифодаи самараноки чунин шароиту имкониятҳои мусоид ва бо ҳамин роҳ ҳарчи бештар ба шуғл фаро гирифтани сокинон таъмин карда шавад.

Ҳарчанд ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат 1200 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, вале ин нишондиҳанда талаботи чунин шаҳри калону сераҳолиро қонеъ гардонида наметавонад.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат дар давраи соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Ваҳдат бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ 107 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ барои зиёда аз 18 ҳазор нафар хонанда ба маблағи 94 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Соли ҷорӣ 6 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 1100 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 7 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Бо вуҷуди ин, то ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр аз як қатор фанҳо омӯзгорон ва 4000 ҷойи нишаст намерасад.

Илова бар ин, 7 муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Вазорати маориф ва илм бояд якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша, инчунин, аҳолӣ барои ҳалли мушкилоту масъалаҳои зикршуда чораҷӯӣ намоянд.

Дар ин ҷода, бори дигар ба роҳбарону масъулони вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолон ва падару модарон хотирнишон менамоям, ки омӯзгорону табибон дар тарбияи насли наврас ва беҳдошти саломатии мардум саҳми калидӣ доранд ва бояд ҳамаҷониба дастгирӣ карда шаванд.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр 125 табиб ва 90 корманди миёнаи тиббӣ, аз ҷумла аз рӯи ихтисосҳои табиби оилавӣ, мутахассисони сироятшинос, бемориҳои кӯдакона ва баъзе ихтисосҳои дигар намерасанд, ки чунин вазъ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд.

Тайи солҳои 2010 – 2020 аз шаҳри Ваҳдат Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро 250 нафар ҷавонон, аз ҷумла 21 нафар тибқи квотаи Президентӣ хатм кардаанд.

Ҳоло дар ин муассисаи таҳсилоти олӣ 178 нафар ҷавонон, аз ҷумла 6 нафар бо квотаи Президентӣ таҳсил карда истодаанд.

Паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус роҳбарони ҳамаи шаҳру ноҳияҳоро водор месозад, ки ба масъалаи бунёди беморхонаву марказҳои саломатӣ, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббии амалкунанда ва бо таҷҳизоту шароити зарурӣ таъмин кардани онҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Вобаста ба ин, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вазифадор карда мешаванд, ки бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорон то ҷашни сисолагии истиқлоли давлатӣ ҷиҳати бунёди беморхонаи касалиҳои сироятӣ ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба таъмиру таҷҳизонидани муассисаҳои тандурустӣ чораҷӯӣ намоянд.

Бовар дорам, ки роҳбарону фаъолони шаҳр, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор минбаъд низ мардум ва хусусан, наврасону ҷавононро ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолу озодӣ — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, риояи қонунияту тартибот, яъне волоияти қонун ва корҳои созандаву ободонӣ, инчунин, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар ҳидоят намуда, иҷрои амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоатро дар миёни аҳолӣ боз ҳам тавсеа мебахшанд.

Зеро амали хайру савоб ҳеҷ гоҳ аз хотираи мардум фаромӯш намешавад ва ҳар нафаре, ки вобаста ба шароиту имконоташ дар ҳаққи шахсони ниёзманду барҷомонда ва пиронсолону ятимон кори хайреро анҷом медиҳад, номи ӯ дар байни мардум ба некӣ боқӣ мемонад.

Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки мардуми ҳимматбаланду заҳматпешаи шаҳри Ваҳдат дар оянда низ бо саъю талоши ватандӯстона диёри худро боз ҳам ободу зебо гардонида, дар пешрафти давлати соҳибихтёру озоди тоҷикон, ҳифзу таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Ватани маҳбубамон саҳми арзишманд мегузоранд.

Дар охир ба ҳамаи сокинони шарафманду меҳмоннавози шаҳри Ваҳдат рӯзгори ободу осуда, тандурустиву хушбахтӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Октябрь 8, 2020 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои анҷомёфта дар ободонию навсозии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва пули мошингард дар болои дарёи Душанбе шинос шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Прокуратураи ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд