ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, панҷшанбе, 296 — умин рӯзи соли 2020 аст

Октябрь 22, 2020 08:00

22 октябри соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби давлатии вақти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҳиллари Клинтон доир ба маҷмўи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Америка ва ҳамгироии судбахш доир ба таъмини эътидол дар Афғонистон табодули назар карданд.

***

5 сол пеш, 22 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти собиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардид.

22 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии нафароне, ки лакнати забон доранд.

 ***

Рӯзи хизмати молиявию иқтисодии  Қувваҳои мусаллаҳи Федератсияи Россия.

РӮЙДОДҲО:

22 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе  ба муносибати 65-солагии таъсиси радиои бурунмарзии Тоҷикистон – «Овози тоҷик» ҷамъомад доир шуд.

***

4 сол пеш, 22 октябри соли 2016 филми кӯтоҳмуддати «Коса»-и коргардони тоҷик дар Фестивали байналмилалии «Open Central Asia International Arts Festival» дар Лондон ҷоиза ба даст овард.

***

22 октябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Америка баррасӣ гардид.

***

27 сол пеш, 22 октябри соли 1993 Гурҷистон ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд.

***

22 октябри соли 2001 олими рус магнити органикӣ ихтироъ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2007 дар фабрикаи пойафзол дар Чин  сӯхтор ба амал омад, ки дар натиҷаи он 34 нафар ҳалок ва  21 нафари дигар  захмӣ шуданд.

***

22 октябри соли 1797 ҳавонаварди франсиявӣ Андре Жак Гарнерен бори аввал дар ҷаҳон тавассути кураи ҳавоӣ аз баландии 1000 метр ба замин фуруд омад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1938 ихтироъкори амрикоӣ Честер Карлсон дастгоҳи ихтироънамудаи худро барои нусхабардории ҳуҷҷатҳо ба намоиш гузошт.

***

Соли 1966 Иттиҳоди Шӯравӣ моҳвораи «Луна-12»-ро ба кайҳон фиристод.

Октябрь 22, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 декабр, якшанбе, 364-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 декабр, шанбе, 363-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 декабр, панҷшанбе, 361-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 декабр, чоршанбе, 360-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 декабр, сешанбе, 359-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст