ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 301 — умин рӯзи соли 2020 аст

Октябрь 27, 2020 08:00

27 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даромадгоҳи қисмати ҷанубии нақби мошингарди «Шаҳристон» ташриф оварда, дар фазои тантанавӣ онро ифтитоҳ намуданд.

***

6 сол пеш,   27 октябри соли 2014 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  — «Кохи Сомон» бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахустин Форуми сармоягузории Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи иншооти зиёди ҷашнӣ ба ин мулки зарнисор ташриф оварда, чойхонаи ғайриодӣ ва боҳашамати миллиро ифтитоҳ намуданд, ки аз ҷиҳати услубу шакл дар миқёси олам ҳамто надорад.

27 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии мероси аудиовизуалӣ.

***

Дар Алҷазоир  — Рӯзи ниҳолшинонӣ.

***

Дар Туркманистон — Рӯзи Истиқлол.

РӮЙДОДҲО:

27 октябри соли 2013 дар маркази ноҳияи Фархор бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи нави марказӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

***

27 октябри соли 2014 Президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Йозеф Блаттер дар робита ба ғалабаи дастаи «Истиқлол» — и Душанбе дар Чемпионати Тоҷикистон – 2014  ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон мактуби табрикотӣ ирсол намуд.

***

153 сол муқаддам, 27 октябри соли 1867 нависанда Лев Толстой романи «Ҷанг ва сулҳ»-ро ба итмом расонд.

***

27 октябри соли 1492 Христофор Колумб Кубаро кашф намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1951 нахустин маротиба дар ҷаҳон зимни табобати бемории саратон аз радиатсия истифода карда шуд.

***

27 октябри соли 1858 дар Ню-Йорк калонтарин маркази савдо дар дунё -«Мэйси» дар  масоҳати 20,3 гектар мавриди истифода қарор гирифт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон намоиши аксҳои «Дастовардҳои Душанбе» баргузор гардид.

***

Соли 1982 Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон кард, ки шумораи аҳолияш  ба 1 млрд нафар расид.

Октябрь 27, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, якшанбе, 301-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, ҷумъа, 299-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, панҷшанбе, 298-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, чоршанбе, 297-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, сешанбе, 296-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, душанбе, 295-умин рӯзи соли 2024 аст