ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, шанбе, 305 — умин рӯзи соли 2020 аст

Октябрь 31, 2020 08:00

31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони пули навбатии мошингард миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини (собиқ Шӯроободи) вилояти Хатлон сафар карданд.

***

7 сол пеш, 31 октябри соли 2013 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф оварданд.

31 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.

***

Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо.

***

Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.

РӮЙДОДҲО:

31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 ва Вазири  вақти фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – ум миёни Тоҷикистон ва Афғонистон оғоз бахшиданд.

***

31 октябри соли  2011 дар шаҳри Париж масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуданд.

***

8 сол пеш, 31 октябри соли 2012 Тартиби таъсис ва тасдиқи шӯроҳои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳо барои дарёфт ва додани дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос тасдиқ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

***

31 октябри соли 1932 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Кодекси гражданӣ  мавриди амал қарор гирифт.

***

31 октябри соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфуси аҳолии СММ 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ «Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс»-ро ба нашр расонд.

***

Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии «Экспо-1906» дар шаҳри Милани Италия кори худро ба анҷом расонид.

Октябрь 31, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 октябр, шанбе, 277-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, ҷумъа, 276-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, панҷшанбе, 275-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, сешанбе, 273-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, душанбе, 272-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, якшанбе, 271-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, шанбе, 270-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, ҷумъа, 269-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, панҷшанбе, 268-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, чоршанбе, 267-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, сешанбе, 266-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, душанбе, 265-умин рӯзи соли 2025 аст