ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, чоршанбе, 281-умин рӯзи соли 2020 аст

Октябрь 7, 2020 08:00

7 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сочии Федератсияи Россия дар ҷараёни бозии хоккей, ки бо иштироки Президенти ин кишвар Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Россия ва ҷаҳон ҷараён гирифт, иштирок намуданд.

***

7 сол пеш, 7 октябри соли 2013 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Думаи давлатии Федератсияи Россия Сергей Наришкин ҳамкории дуҷониба ва гуногунҷанбаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар ноҳияи Ҷилликӯл  корхонаи асфалт ифтитоҳ ёфт.

7 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Арманистон- рӯзи китобдор.

 ***

Дар Россия- рӯзи ташкилёбии қисмҳои штабии Вазорати корҳои дохилӣ.

***

Дар Массачусетси ИМА- рӯзи пиронсолон.

РӮЙДОДҲО:

95 сол қабл, 7 октябри соли 1925  Нашриёти давлатии Тоҷикистон- «Ирфон» таъсис дода шуд.

***

7 октябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

***

7 октябри соли 1977 Конститутсияи охирини Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардид.

***

57 сол муқаддам, 7 октябри соли 1963 тӯфони «Флора» дар Гаити ва кишвари Доминикан сабаби марги 7 190 нафар одам гардид.

***

7 октябри соли 1999 аввалин вируси компютерӣ муайян карда шуд, ки новобаста ба сатҳи баланди муҳофизатии Windows NT ба қисмати системаҳои ёрирасони он метавонист таъсир расонад.

***

7 октябри соли 2001 ИМА амалиёти ҳарбии худро дар Афғонистон оғоз намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1967   Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

Соли 2004 вазирони нақлиёти 25 кишвари аъзои Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург зимни нишасти хеш пешниҳоди ҷорӣ намудани намунаи ягонаи шаҳодатномаи ронандагиро қабул намуданд.

Октябрь 7, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш