ТАВАҶҶУҲ! Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд

Октябрь 14, 2020 09:01

ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Вазорат озмун эълон менамояд. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳоро то 3 ноябри соли 2020 дар шакли электронӣ тавассути суроғаи электронии ozmun@mfa.tj ба Вазорат равон кунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар зер рӯйхати мансабҳои холӣ ва талабот барои довталабон пешкаши хонандагон мегардад.

  • мутахассиси шуъбаи аккредитатсия ва кор бо корпуси дипломатии Раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой;
  • мутахассиси шуъбаи қабули ҳайатҳо ва ҳамкорӣ бо мақомоти Раёсати ташрифоти давлатӣ – 1 ҷой;
  • мутахассиси шуъбаи иттилооти умумии Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой;
  • мутахассиси шуъбаи иттилооти умумии Раёсати иттилооти умумӣ ва алоқаи дипломатӣ – 1 ҷой;
  • мутахассиси шуъбаи ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ – 1 ҷой;
  • атташеи шуъбаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО – 1 ҷой;
  • атташеи шуъбаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратии Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ – 1 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи кишварҳои Осиёи Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором — 1 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи масъалаҳои умумиҳуқуқии Раёсати шартномавӣ-ҳуқуқӣ – 1 ҷой;
  • котиби сеюми шуъбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии Раёсати созмонҳои байналмилалӣ – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи кишварҳои Аврупои Раёсати кишварҳои Аврупо ва Америка – 1 ҷой;
  • котиби дуюми шуъбаи таҳлил ва пешбинии сиёсати хориҷии Раёсати тадқиқоти стратегӣ – 1 ҷой.

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби мутахассис – 924 сомонӣ;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби атташе ва котиби сеюм – 1380;

Музди меҳнати заминавӣ барои мансаби котиби дуюм – 1520.

Эзоҳ: Довталабоне, ки забони русиро дар сатҳи баланд ва яке аз забонҳои хориҷиро дар сатҳи В1 намедонанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.

Талаботи тахассусӣ барои довталабони ишғоли мансаби котиби дуюм

 —        таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

—        на кам аз 3 сол собиқаи хизмати дипломатӣ ё на кам аз 4 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ;

—        донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ;

—       донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи В1 ҳатмист;

—        донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

—        донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;

—        мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

—        кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, Word, Excel, Power Point ва дигарҳо;

—     дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дипломатӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби котиби сеюм

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • на кам аз 2 сол собиқаи хизмати дипломатӣ ё на кам аз 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ;

—     донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи В1 ҳатмист;

  • донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, Word, Excel, Power Point ва дигарҳо;
  • дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дипломатӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби атташе

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • на кам аз 1 сол собиқаи хизмати дипломатӣ ё на кам аз 2 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ;
  • донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи В1 ҳатмист;
  • донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилаии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии мансаби мазкурро ба танзим медароранд;
  • мавҷудияти малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
  • кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ, Word, Excel, Power Point ва дигарҳо;
  • дорои донишу малака барои истифодабарии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва дипломатӣ.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис

таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи В1 ҳатмист;

донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, кор карда тавонистан бо барномаҳои компютерӣ Word, Excel, Power Point ва дигарҳо.

Талаботи иловагӣ нисбат ба ҳамаи довталабон:

  • донистани асосҳои муносибатҳои байналмилалӣ, вазъи байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;
  • донистани забони давлатӣ, русӣ ва як забони хориҷӣ дар сатҳи В1 ҳатмист;
  • малакаи тартиб ва омода намудани ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ;
  • малакаҳои иловагии касбӣ, донистани ҳолати кунунии иқтисодии кишвар, равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
  • дониши ҳаматарафаи варзида дар робита ба ҳадафҳои стратегии кишвар;
  • унвони илмӣ, нашри мақолаҳои илмию тахассусӣ ва маводҳои таҳлилӣ (афзалият дода мешавад).

Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои зеринро дар шакли электронӣ ба суроғаи электронии ozmun@mfa.tj пешниҳод намоянд:

  1. Ариза оид ба ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба номи Вазири корҳои хориҷӣ;
  2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
  3. Тарҷумаи ҳол;
  4. 2 дона акси рангаи андозаи 4,5 х 6,5;
  5. Нусхаи шиносномаи умумишаҳрвандӣ;
  6. Нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос ва унвони илмӣ (нусхаи диплом, шаҳодатнома ва ғ.);
  7. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
  8. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли №038 (тибқи тартиби муайянгардида);
  9. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
  10. Маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
  11. Тавсифнома аз ҷойи кор (аз муассисаи таълимӣ);
  12. Маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
  13. Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ/талоқ;
  14. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
  15. Гувоҳинома (сертификат) аз забони хориҷӣ аз сатҳи В1 боло.

 Ҳуҷҷатҳо то 3 ноябри соли 2020 танҳо дар шакли электронӣ тавассути суроғаи электронии ozmun@mfa.tj қабул карда мешаванд.

Телефонҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ: 221-70-27, 221-15-61;

Суроғаи электронӣ: ozmun@mfa.tj

Октябрь 14, 2020 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд