Варзишгарони «Динамо» дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ байни калонсолон панҷ медал гирифтанд
ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини юнону румӣ байни калонсолон дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар он паҳлавонони шинохтаи дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ба 5 мақоми ифтихорӣ мушарраф шуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.
Варзишгари ҷавону шинохта Давлат Шарипов дар вазни 63 кило мақоми дуюм, се нафари дигар — Файзулло Иброҳимов дар вазни 67 кило, Шаҳбоз Давлатов дар вазни 97 кило ва Давлат Назриев дар вазни 130 кило (2 медал) ҷойҳои сеюми мусобиқаро ишғол намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 12 дастаи мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе бо теъдоди 90 нафар варзишгар ширкат доштанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






