150 ширкати Тоҷикистон маҳсулоти худро дар Намоишгоҳи универсалии «Made in Tajikistan — 2020» дар шакли онлайн намоиш медиҳанд

Ноябрь 27, 2020 09:50

ДУШАНБЕ, 27.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нахустин Намоишгоҳи универсалии онлайни «Made in Tajikistan — 2020» 26 ноябр дар Тоҷикистон оғоз ёфт.

Намоишгоҳи маҳсулот ва хизматрасониҳои истеҳсолкунандагони молҳо дар Тоҷикистон беш аз 150 нафар иштирокчиёнро аз соҳаҳои хӯрокворӣ, саноати сабук, сохтмон, хизматрасонӣ, ҳунармандӣ ва сайёҳӣ гирди ҳам  овард.

Дар маросими оғози расмии он намояндагони кишварҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд, инчунин намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ ширкат варзиданд.

Дар маросим раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода зикр кард, ки ҳадафи асосии намоишгоҳ иҷрои вазифаҳои дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда, ки аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд,  мебошад.

«Мақсади намоишгоҳ ба бозорҳои хориҷӣ баровардани маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик, рушди иқтидори содиротӣ, кушодани бозорҳои нави маҳсулот, тавсеаи ҳамкории ширкатҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ, инчунин ҷалби сармоя мебошад», — зикр  намуд роҳбари ПСС ҶТ.

Дар доираи намоишгоҳ вохӯриҳои BxB, инчунин мизҳои мудаввар бо иштироки фурӯшандагони кишварҳои хориҷӣ ташкил карда мешаванд.

Дар баробари ширкатҳои бузурги пешрафтаи иқтисоди мамлакат ширкатҳои хурд низ ҳузур доранд, ки истеҳсолоти онҳо ба бозори дохилӣ нигаронида шудааст.

Иштирокчиёни намоишгоҳ маълумот дар бораи ширкатҳо, намунаҳои виртуалии маҳсулот ва наворҳои видеоӣ пешниҳод карданд. Маълумот бо забонҳои русӣ ва англисӣ пешниҳод гардид.

Дар заминаи намоишгоҳи онлайн инчунин дигар маълумоти муфид, ишораҳо барои ширкатҳои хориҷӣ: маълумоти мухтасар дар бораи Тоҷикистон, сайёҳӣ, имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумат ба соҳибкорон ва сармоягузорон ва ғайра ҷой дода шудаанд.

Намоишгоҳ, ки дар торномаи WWW.EXPOTAJIKISTAN.TJ сурат мегирад, 17 декабр ба поён мерасад.

Ноябрь 27, 2020 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»