ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳри Ваҳдат зиёда аз 400 иншоот ба истифода дода шуда, 522 нафар соҳиби ҷойи кор гардиданд
ВАҲДАТ, 21.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 610 иншооти гуногунро ба нақша гирифтааст. То имрӯз зиёда аз 400 иншооти дорои аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявӣ мавриди истифода қарор гирифта, барои 522 нафар сокинони шаҳр ҷои кори доимӣ пайдо гардид. Дар ин бора роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод.
Соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳри Ваҳдат 60 бинои гуногун бунёд гардиданд. Аз ҷумла, 5 бунгоҳи тиббӣ, 11 майдончаи варзишӣ, 12 муассисаи таълимӣ, марказҳои хизматрасонии сайёҳӣ ва 8 бинои истиқоматии баландошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ва саҳми соҳибкорон шаҳраку деҳоти шаҳр зебо гашта, сохтмони иншооти муҳими таъйиноташон гуногун, таъмиру навсозии роҳҳо бомаром идома дорад.
Соҳибкори ватанӣ Абдусамад Нарзиқулов дар маркази шаҳри Ваҳдат бо тарҳи зебову замонавӣ бинои истиқоматии 10-ошёна бунёд намуд, ки он дорои 54 ҳуҷра мебошад. Дар ошёнаи якуми он коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст. Абдусамад Нарзиқулов мегӯяд, ки “ман ифтихор мекунам, ки иншооти ҷашнии бунёднамудаам бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин амал мо-соҳибкоронро рӯҳбаланд месозад, ки минбаъд низ дар ободии Ватанамон саҳм гузорем”.
Сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри ободу зебо гардонидани шаҳр саъю талош намуда, кӯшиш доранд то соли 2021 иншооти боқимондаи ҷашниро бунёд созанд. То ҷашни миллӣ пулу роҳҳо навсозӣ шуда, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва ҳаммому кошонаҳои ҳусн дар сатҳи олӣ ба истифода дода мешаванд.








Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд






