Ҳайати дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо мукофотпулӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуд

Ноябрь 12, 2020 09:26

ДУШАНБЕ, 12.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб маросими қадрдонии ҳайати дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон  Фариза Абдуллозода, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, ҳайати дастаи  футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб,  варзишгарон ва мухлисони даста баргузор гардид. Дар  ин бора  аз Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон  ба  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни маросим ба ҳайати дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, дар маҷмӯъ ба 25 нафар 37500 сомонӣ, яъне ба ҳар бозингар 1500 сомонӣ ва Сипосномаи раиси вилояти Хатлон, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тақдим карда шуд.

Дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо маҳорату малака ва таҷрибаи худ имсол соҳиби ду ҷоиза – ғолиби Ҷоми Тоҷикистон ва барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум гардид. Соли оянда даста дар Лигаи олии Тоҷикистон ва Ҷоми  конфедератсияи футболи Осиё иштирок мекунад.

Ноябрь 12, 2020 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд