Акмалиддин Каримов аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо медали нуқра ба Ватан баргашт

Ноябрь 10, 2020 15:58

ДУШАНБЕ, 10.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Мураббии дастаи варзишии қисми низомии  Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калон Акмалиддин Каримов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо дар Сербия дар вазни 57 кило ҳунарнамоӣ намуда, бо медали нуқра ба Ватан баргашт.

Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Чемпионати мазкур аз 5 то 9 ноябр дар Ҷумҳурии Сербия доир гардида, дар он намояндагони кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.

Дар ин сабқат Акмалиддин Каримов дар чанд марҳила ба рақибони худ аз кишварҳои Франсия, Ӯзбекистон ва Украина дастболо гардида, дар даври ниҳоӣ танҳо аз варзишгари Федератсияи Россия Владимир Гладких мағлуб шуд. Бо ҳамин барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон гардида, парчами Ватани азизи хешро дар арсаи байналмилалӣ барафрохт.
Акмалиддин Каримов қаблан 4 маротиби барандаи медали нуқра ва 3 медали биринҷии чемпионатҳои ҷаҳон миёни ҷавонон, 2 карат чемпиони ҷаҳон миёни наврасону ҷавонон, 5 карат қаҳрамони Осиё, 5 карат қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон буда, 16 карат ғолиби чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи дигар ҷоизаву мақомҳои ифтихорӣ дар сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ мебошад.

Номбурда Устоди шоистаи варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштини самбо буда, ҳамзамон шогирдони зиёдеро дар ин соҳаи варзиш тарбия менамояд.

Ноябрь 10, 2020 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид