Ҷавонони деҳаи Намадгути Ишкошим дар назди мактаби №3 синфхонаҳои иловагӣ бунёд мекунанд
ДУШАНБЕ, 18.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони деҳаи Намадгути Ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иқдом гирифтаанд, ки баҳри беҳтар намудани шароити таълими хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и деҳа дар назди муассиса чанд синфхонаи иловагӣ бунёд намоянд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот идома дошта, ҷавонон ва сокинони меҳнатқарини деҳаи Намадгут азм доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон синфхонаҳои иловагиро мавриди истифода қарор диҳанд.
Мактабу маориф ҳамеша зери назорати ҷиддии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати беҳбудӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муассисаҳои таҳсилотӣ аз тамоми имконот васеъ истифода карда мешавад.









Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






