Аз сабаби пандемия имсол дар Душанбе арчаи солинавӣ гузошта намешавад

Ноябрь 19, 2020 11:04

ДУШАНБЕ, 19.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба муносибати Соли нави мелодии 2021 ташкили арчаи солинавӣ, баргузории  барномаҳои  фарҳангӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар  чорабиниҳои оммавӣ манъ карда мешаванд.

Тавре аз  Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,   чунин тасмим гирифтани  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19,  шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ дар ҷаҳон ва  бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории мазкур,  эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад.

«Дар ин робита сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад»,-афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки 18 ноябри соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми ин  бемории сироятӣ қарор кард, ки барномаҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави мамлакат манъ карда шавад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 19, 2020 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои марказии пойтахт муваққатан қатъ мегардад
Душанбе — пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи сайёҳии дунё табдил ёфтааст
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум оғоз гардид
Имрӯз иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар баъзе аз кӯчаҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
DITE-2025. Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ Душанбе ба маркази сайёҳии минтақа табдил меёбад
Дар Душанбе 37 фоизи кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбияи аввалия фаро гирифта шудаанд
15 июл иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
ТАЪТИЛИ БОФАРОҒАТ. Дар Душанбе 47 майдончаи тандурустиву солимгардонӣ ташкил гардидааст
ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ. Мусобиқаи футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд