Беморхонаи ба номи Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб барои муътадил гузаронидани фасли зимистон омода мебошад

Ноябрь 12, 2020 11:47

 КӮЛОБ, 12.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Беморхонаи бисёрсоҳавии клиникии ба номи Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб калонтарин муассисаи тандурустии  минтақа маҳсуб шуда,  роҳбарияти он барои муътадил гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони имсола тадбирҳои зарурӣ андешидаанд.  Аз ҷумла, то имрӯз дар беморхона дастгоҳҳои тақсимоти барқ пурра аз таъмир бароварда шуда, корҳои  шишабиндию  захираи маводи сӯхт низ ба  анҷом  расидаанд.

Тавре масъулини ин муассисаи тандурустӣ  ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, беморхона ба хатти нави барқ пайваст буда, ҳамаи  биною утоқҳо шишабандӣ гардида,  бо таҷҳизоти муосири гармидиҳанда муҷаҳҳаз мебошад. Барои таъмини барқ дар ҳолатҳои зарурӣ  ду адад муҳаррикҳои дизелиии барқдиҳанда дар ҳолати хубӣ корӣ қарор доранд.

Беморхонаи мазкур   дорои 406 кати хоб буда, ба сокинони шаҳр ва деҳаҳои атроф  хизмати тиббӣ мерасонад. Имсол ба беморхона 465 рахти хоб, 120 матрас, 200 кӯрпа ва 200 болишт дастрас ва ба ҳамаи шуъбаҳо тақсим гардид. Бинои маркази перинаталӣ ба таври муосир бо фаршҳои гармидиҳанда гарм карда мешавад ва барои модару кӯдак тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Дар инҷо таҷҳизот барои нафасдиҳии кӯдакони навзод, гарминигоҳдорӣ ва дигар лавозимот барои солимии модару кӯдак фароҳам мебошанд.

Инчунин барои беморхона чоҳи амудӣ канда шуда, як обанбор дар ҳаҷми 350 куб ва манораи об бо ғунҷоиши 150 куб сохта шудааст, ки  он  ба таври доимӣ бо об таъмин менамояд. Ҳамаи таҷҳизоти барқӣ ва системаи гармидиҳии маркази перинаталӣ аз панелҳои офтобӣ неру мегиранд ва барои сарфаи қувваи барқ мусоидат мекунанд.

Ноябрь 12, 2020 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад