Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи Президент мулоқоти судманд доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Вазорати корҳои дохилии мамлакат мулоқоти Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо донишҷӯёни Академия ва ҷавонони гурӯҳи «Авангард» баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Абдулло Раҳмонзода зикр намуд, ки имрӯз дар мамлакат дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон тамоми имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ба ин хотир ҷавононро мебояд аз ин шароит самаранок истифода намоянд.
Зикр шуд, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ҷавонони мамлакат ба хотири ободиву пешрафти Тоҷикистон чун ҳарвақта муттаҳиду пешсафанд. Ҳоло дар назди ҷавонон масъалаҳое меистанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонон дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамоянд.
Дар мулоқот оид ба ҳамоҳанг сохтани фаъолияти гурӯҳи ҷавонони «Авангард» ба фаъолияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва зерсохторҳои ҷамъиятии он, инчунин таҳкими фаъолияти он дар самти волонтёрӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






