Дар деҳаи Зарқалъаи шаҳри Кӯлоб соҳибкор майдончаи муосири футбол бунёд намуд
КӮЛОБ, 14.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Зарқалъаи Ҷамоати деҳоти Зиракӣи шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкор Саид Саидов майдончаи муосири футболи хурд сохта шуд, ки он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, дар маросими ба истифода додани майдончаи мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидов ва дигар меҳмонон сокинони ҷамоат, бахусус ҷавононро бо ба истифода супоридани иншооти варзишӣ табрик гуфта, иброз доштанд, ки дар оянда аз ҳисоби ҷавонони ин ҷамоат дастаи мунтахаб ташкил ёфта, дар мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат хоҳад варзид.
Бо фароҳам омадани шароит бахши ҷавонон ва варзиш дар ин майдонча ва толорҳои варзишӣ миёни ҷавонон мусобиқаҳои гуногун роҳандозӣ менамояд. Давоми ду ҳафта дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ байни ҷавонони деҳаҳо мусобиқаи футболи хурд доир гардиданд, ки марҳилаи ниҳоии он дар майдончаи навбунёд баргузор карда шуд.
Бозии финалӣ барои ишғоли ҷои аввал байни дастаҳои ҷавонони деҳаи Зарқалъа ва Сарёзии Боло хеле шавқовар ва бо ҳуҷуми паиҳам идома ёфт. Дар қисмати аввали бозӣ то танаффус футболбозон ба дарвозаҳои ҳамдигар сеголӣ заданд. Дар қисмати дуюм футболбозони деҳаи Сарёзии боло бартарӣ нишон дода, ду маротибаи дигар дарвозаи ҳарифонашонро рахна карданд. Ҳамин тавр бозӣ бо ҳисоби 5 бар 3 ба фоидаи дастаи Сарёзии боло анҷом ёфт.
Дар охир бахши ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо роҳбарони ҷамоати деҳот ва соҳибкорон ба ғолибон медалу ифтихорнома ва ҷом супориданд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣи шаҳри Кӯлоб якчанд иншооти мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла иншооти варзишӣ бо ҷалби маблағҳои ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Акс аз бойгонӣ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






