Дар Маҷлиси миллӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомади идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Муовини роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Искандаршоҳ Каримзода ҳайати кормандонро бо ҷашн табрик намуда, парчамро рамзи давлату давлатдорӣ, ки шаҳрвандонро ба ҳимояи Ватан, зиндагии ором, сулҳу осоиш, рушду нумӯъ ва таҳкими пояҳои соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд, маънидод кард.
Таъкид шуд, ки Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, ватандӯстии ҳар халқу миллат аз эҳтирому арҷгузорӣ ба он сарчашма мегирад.
Зикр гардид, ки парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, шарафу эътибори он дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад.
Ҳамзамон дар ҳамоиш кормандони дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Нарзулло Маҳмудов, Наврӯз Қурбонзода, Парвиз Шамолов ва Ойбек Зоиров доир ба аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карданд.








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад
Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 24-уми тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид






