Дар Маҷлиси миллӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомади идона доир гардид

Ноябрь 24, 2020 12:20

ДУШАНБЕ, 24.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  24 ноябр бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо иштироки кормандони дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Муовини роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Искандаршоҳ Каримзода ҳайати кормандонро бо ҷашн табрик намуда, парчамро рамзи давлату давлатдорӣ, ки шаҳрвандонро ба ҳимояи Ватан, зиндагии ором, сулҳу осоиш, рушду нумӯъ ва таҳкими пояҳои соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд, маънидод кард.

Таъкид шуд, ки Парчами давлатӣ дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб рафта, ватандӯстии ҳар халқу миллат аз эҳтирому арҷгузорӣ ба он сарчашма мегирад.

Зикр гардид, ки парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, шарафу эътибори он дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамзамон дар ҳамоиш кормандони дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Нарзулло Маҳмудов, Наврӯз Қурбонзода, Парвиз Шамолов ва Ойбек Зоиров доир ба аҳамияти таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карданд.

Ноябрь 24, 2020 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид