Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил гардид

Ноябрь 16, 2020 15:11

ДУШАНБЕ, 16.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ҳозиринро ба муносибати ин ҷашн табрик намуда, гуфт, ки “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»  ҳамасола 16 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Нақши Президент ҳамчун Сарвари давлат дар рушду нумуи давлати соҳибистиқлоламон аҳамияти хосса дорад. Маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки волоияти қонунро дар мамлакат таъмин намуда, эътироф, риоя, ҳифз ва амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъмин намоем”.

Зимни маърӯзаҳо аз таърихи пайдоиши мансаби президент, пайдоиши он дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, нақши президент дар пешрафти давлат ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта шуд.

Ноябрь 16, 2020 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад