Дар шаҳри Турсунзода корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ муташаккилона ҷараён доранд

Ноябрь 12, 2020 16:02

ДУШАНБЕ, 12.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз нимаи дуюми моҳи октябр вобаста ба мавсими пастшавии маҷрои об дар дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент  корҳои дастаҷамъонаи соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳоти соҳилнишини шаҳри Турсунзода, босуръат ҷараён доранд.

Ҳамзамон дар якчанд деҳоти наздисоҳилии Ҷамоати деҳоти Қаратоғ, Работ, Ҷӯра Раҳмонов, Турсун Тӯйчиев ва 10-солагии Истиқлолият ҳашарҳои дастаҷамъона баргузор гардиданд. Дар натиҷаи корҳои анҷомёфта дамбаҳои харобгардида барқарор гардида,  дар соҳилҳои дарё ба масоҳати 2000 метр бетонҳои мукааб хобонида шуда, 2 пули мошингузар таъмир гардиданд.

Корҳои таъмирӣ ҷиҳати пешгирии шусташавии  соҳил дар селпартоҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Регар дар масоҳати 1500 метр ба анҷом расонида шуданд. Аз ҳудуди шаҳри Турсунзода дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент ҷорӣ гардида, деҳоти соҳилнишини он беш аз 20 деҳаро дар бар мегиранд. Аз ин лиҳоз масъалаи соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳр аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.

Ин аст, ки ҳамасола бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, инчунин  бо иштироки аҳолӣ, корхонаҳои коркарди регу шағал, соҳибкорон ва моликони техникаҳои боркашу борбардор дар мавсими пастшавии маҷрои об корҳои дастаҷамъонаи соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешаванд.

Ноябрь 12, 2020 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад