Давоми 9 моҳ дар Тоҷикистон фаъолияти 409 муассисаи фарматсевтӣ зери санҷиш қарор дода шуд

Ноябрь 3, 2020 14:48

ДУШАНБЕ, 03.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади пешгирии истифодаи маводи  дорувории муҳлати истифодаашон гузашта давоми 9 моҳи соли 2020 фаъолияти 409 муассисаи фарматсевтӣ зери санҷиш қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни санҷишҳо аз муассисаҳои фарматсевтии ҷумҳурӣ 588 номгӯй маводи доруворӣ ва ба миқдори 11392 адад молҳои тиббӣ аз муомилот гирифта шуданд.

Ҳамзамон бо иштироки комиссияи махсус ба миқдори 56 918 кг доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизоии қалбакӣ, пастсифати ба таври қочоқ воридшуда, муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва сифат бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шуданд.

 

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 3, 2020 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд