Доир ба ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд

Ноябрь 2, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 02.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе ҷиҳати анҷом додани тадқиқот оид ба арзёбии ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ барои гурӯҳи тадқиқотчиён бо назардошти чораҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ машғулияти омӯзишӣ оғоз гардид.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, машғулияти омӯзишӣ то 5 ноябр идома меёбад.

Дар кори он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, аъзои гурӯҳ, намояндагони Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA)  дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки аз 9 ноябр то 9 декабри соли равон дар муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳое, ки тибқи методология интихоб ва ба рӯйхат дароварда шудаанд, тадқиқот оид ба арзёбии ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенӣ бо назардошти маълумот ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ дар давраи пандемияи сирояти коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риояи чораҳои беҳдоштию зиддиэпидемикӣ гузаронида мешавад.

Гурӯҳи тадқиқотчиён пас аз анҷоми тадқиқот оид ба арзёбии ҳолати обтаъминкунӣ, санитарӣ ва гигиенаи муассисаҳои табобатию профилактикӣ ба роҳбарони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассали таҳлилӣ пешниҳод менамоянд.

 

Ноябрь 2, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад